Муассисаи давлатии таълимии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дорои ҳуқуқи таҳсилоти олии касбӣ ва баъд аз муассисаи олии таълимӣ буда, барномаҳои таълимиро оид ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 –уми феврали соли 2020 №1463 Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Муассисаи давлатии “Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” табдил дода шуд.
Низоми тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ муҳимтарин масъалаи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳалли он ба зиммаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.
Таърихи Академия
Дар оғози Истиқлоли давлатӣ мактабҳои ҳизбӣ, ки дар тайёр кардани кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ дар замони Шӯравӣ нақши асосӣ доштанд, аз байн рафтанд ва дар кишвари мо низоми муайяни таҳсили хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ амал намекард. Аммо барои рушди минбаъдаи соҳаи хизмати давлатӣ, ташаккули ҷавҳари кадрии ин соҳаи муҳим зарур буд.
Вобаста ба зарурати бамиёномадаи таҳсили хизматчиёни давлатӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 – уми октябри соли 2002, № 926 дар назди Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Фаъолияти таълимӣ аз 26 – уми майи соли 2004 оғоз гардида буд.
Бо назардошти талаботи замон ва ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 – уми августи соли 2013 №1502 муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шуд.
Моҳи сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимию маъмурии Донишкадаро ифтитоҳ намуда, пешниҳод намуданд, ки он ба Академияи идоракунии давлатӣ табдил дода шавад. Ҳамин тавр, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 – уми феврали соли 2020 №1463 муассисаи мазкур мақоми Академияро соҳиб гашт.
Самтҳои асосии фаъолият
- тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ;
- тайёркунии мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ;
- гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ, инчунин равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ;
- таҳияи пешниҳоду тавсияҳо оид ба такмили низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ;
- дастгирӣ ва тарғиби сиёсати дохиливу хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ.
Сохтори ташкилӣ
Сохтори Академия аз ректор, ноиби якум ва ноибони ректор, 2 пажӯҳишгоҳ, Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”, 6 раёсат, 4 факултет, 16 кафедра, шуъбаи магистратура, китобхонаи илмӣ ва дигар бахшҳо иборат мебошад.
Факултетҳои Академия
Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ
Бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро амалӣ менамояд.
Факултети идоракунии давлатӣ
Тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ дар зинаи бакалавриат ва магистратура.
Факултети дипломатия ва сиёсат
Тайёр кардани мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ва омӯзиши амиқи дипломатия.
Факултети ҳуқуқшиносӣ
Аз 30-юми августи соли 2023 таъсис ёфта, маркази таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ мебошад.
Факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ
Омодасозии кадрҳо барои мақомоти давлатӣ ба тариқи фосилавӣ.
Ректорони Академия (Донишкада)
Иноятова М. А. (2003-08), Ғаффорова Н. А. (2008-10), Шарофзода Г. (2010-13), Нуриддинов Ҳ. (и.в. ректор 2013-14), Розиқзода А. Ш. (2014-15), Абдулхолиқзода Л. А. (2015-19), Ғафурзода А.Д. (2019-24), Сафарзода Даврон Ҷурахон (аз соли 2024 то ҳоло).
