Факултетҳо ва Кафедраҳо

Сохтори академии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ

Маркази пешрафтаи такмили ихтисос ва афзоиши малакаи касбии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаҳо ва кафедраҳои факултет:

  • •Шуъбаи таҳсилоти хизматчиёни давлатӣ
  • •Шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатӣ
  • •Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ
  • •Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ
  • •Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»
  • •Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат
  • •Маркази омӯзишии забонҳои хориҷӣ
  • •Парки технологӣ

Факултети идоракунии давлатӣ

Факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ниҳоди асосӣ ва пешбар дар сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбии мазкур ба ҳисоб меравад. Факултети идоракунии давлатӣ соли 2013 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва илмию методӣ дар факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи факултети идоракунии давлатӣ», нақшаи кории факултет ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ба роҳ монда шудааст. Фаъолияти факулттети идоракунии давлатӣ ба ташкили сифати баланди омоданамоии мутахасисони сатҳи касбии бакалавр, дар доираи самтҳои идораи давлтӣ, идораи давлатӣ ва иқтисодиёт, идораи ҳайати кадрӣ, идораи мақомоти маҳаллӣ, ва менеҷменти молиявӣ инчунин аз худнамоии сатҳи касбии онҳо, ки стандартҳои байналмилалӣ дар алоқамандӣ бо талаботи муосири идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳи иқтисодиёти он, муносибатҳои байналмилалӣ, дархостҳо ва манфиатҳои ҷомеи шаҳрвандӣ, фазои сиёсӣ – иқтисодӣ ва ташкилотҳои давлтӣ муқарар намудааст, асос меёбад. Бо ин мақсад факултет таҳсилоти олии фундаменталиро дар доираи фаъолияти хизмати давлатӣ, дар самтҳои идораи давлатӣ, идораи давлатӣ ва иқтисодиёт, идораи ҳайати кадрӣ, идораи мақомоти маҳаллӣ ва менеҷменти молиявӣ роҳандозӣ намуда, мутахасисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро омода менамояд.

Шуъбаҳо ва кафедраҳои факултет:

  • •Кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллӣ
  • •Кафедраи идоракунии молияи давлатӣ
  • •Кафедраи идоракунии захираҳои инсонӣ
  • •Кафедраи менеҷменти байналмилали
  • •Кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунӣ
  • •Кафедраи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ

Факултети ҳуқуқшиносӣ

Омодасозии мутахассисони баландпоя дар соҳаи ҳуқуқи давлатӣ, маъмурӣ, молиявӣ ва байналмилалӣ.

Шуъбаҳо ва кафедраҳои факултет:

  • •Кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва иқтисодӣ
  • •Кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявӣ
  • •Кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқ
  • •Кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ

Факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ

Низоми замонавии таҳсилоти фосилавӣ ва омодасозии мутахассисони дуюми олии касбӣ.

Шуъбаҳо ва кафедраҳои факултет:

  • •Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ

Факултети дипломатия ва сиёсат

Омодасозии дипломатҳо, сиёсатшиносон ва мутахассисони амнияти иттилоотии кишвар.

Шуъбаҳо ва кафедраҳои факултет:

  • •Кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ
  • •Кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеа
  • •Кафедраи технологияи рақамӣ ва амнияти киберӣ
  • •Кафедраи фалсафа ва фанҳои гуманитарӣ
  • •Кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ
  • •Кафедраи забонҳои хориҷӣ
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон