Муносибатҳои байналмилалӣ

Шуъбаи татбиқи лоиҳаҳо

Шуъбаи татбиқи лоиҳаҳо бо ҳадафи таҳия ва татбиқи барнома ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ таъсис дода шуда, вазифаҳои асосии зеринро иҷро менамояд:

    • банақшагирии иштироки воҳидҳои сохтории Академия дар таҳия ва амалисозии барномаҳои сармоягузорӣ ва лоиҳаҳо;
    • иштирок дар озмунҳо ҷиҳати ба дастовардани грантҳои хориҷӣ;
    • ташкили иштироки фаъоли ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён дар озмунҳо ва грантҳо доир ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ бо ҳадафи ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи он;
    • роҳбарӣ намудани раванди барасмиятдарории ҳуҷҷатгузории дархостҳои озмунӣ баҳри иштироки Академия дар барномаҳо ва лоиҳаҳои илмӣ, таҳсилотӣ, эҷодӣ ва инноватсионӣ, инчунин ба даст овардани грантҳо;
    • расонидани кӯмаки иттилоотӣ, машваратӣ ва методӣ ба кормандону донишҷӯён зимни таҳияи дархостҳои грантӣ баҳри иштирок дар озмунҳо ва грантҳо;
    • ҳамоҳангсозии робитаҳои Академия бо фондҳои сармоягузорӣ ва дигар ташкилотҳо, ки маблағгузории таҳқиқот, омодасозии кадрҳо ва рушди фаъолиятро маблағгузорӣ менамоянд;
    • мусоидат дар самти барасмиятдарории дархостҳо ва дастгирии методӣ ҷиҳати иштирок дар барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо;
    • мониторинг ва коркарди иттилоот оид ба лоиҳаҳо ва грантҳо.

Исматуллои Шерхон

Исматуллои Шерхон

Сардори шуъбаи татбиқи лоиҳаҳо

Шуъбаи татбиқи лоиҳаҳо | Академияи идоракунии давлатӣ | АИД