Ба рӯйхати факултетҳо

Факултети идоракунии давлатӣ

Муфассалтар...

Факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ниҳоди асосӣ ва пешбар дар сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбии мазкур ба ҳисоб меравад. Факултети идоракунии давлатӣ соли 2013 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва илмию методӣ дар факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи факултети идоракунии давлатӣ», нақшаи кории факултет ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ба роҳ монда шудааст. Фаъолияти факулттети идоракунии давлатӣ ба ташкили сифати баланди омоданамоии мутахасисони сатҳи касбии бакалавр, дар доираи самтҳои идораи давлтӣ, идораи давлатӣ ва иқтисодиёт, идораи ҳайати кадрӣ, идораи мақомоти маҳаллӣ, ва менеҷменти молиявӣ инчунин аз худнамоии сатҳи касбии онҳо, ки стандартҳои байналмилалӣ дар алоқамандӣ бо талаботи муосири идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳи иқтисодиёти он, муносибатҳои байналмилалӣ, дархостҳо ва манфиатҳои ҷомеи шаҳрвандӣ, фазои сиёсӣ – иқтисодӣ ва ташкилотҳои давлтӣ муқарар намудааст, асос меёбад. Бо ин мақсад факултет таҳсилоти олии фундаменталиро дар доираи фаъолияти хизмати давлатӣ, дар самтҳои идораи давлатӣ, идораи давлатӣ ва иқтисодиёт, идораи ҳайати кадрӣ, идораи мақомоти маҳаллӣ ва менеҷменти молиявӣ роҳандозӣ намуда, мутахасисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро омода менамояд.

Нашрафҳои таълимӣ (Ихтисосҳо)

Бакалавриат

  • •идораи давлатӣ
  • •идораи давлатӣ ва иқтисодиёт
  • •идораи ҳайати кадрӣ
  • •менеҷменти молиявӣ
  • •идораи мақомоти маҳаллӣ
  • •иқтисоди ҷаҳон
  • •танзими давлатии иқтисоди миллӣ

Маблағи таҳсил

7200 - 8500 сомонӣ дар як сол (вобаста ба ихтисос)

Роҳбарияти факултет / сохтор

БОБОЗОДА АФЗАЛШОҲ ОЛИМҶОН

БОБОЗОДА АФЗАЛШОҲ ОЛИМҶОН

Декани факултети идоракунии давлатӣ

доктори илмҳои фалсафа (PhD)

+992 938 77 79 07afzalshohbobozoda@mail.ru

Муовинон:

МИРЗОЕВА ФАРАНГИС БАДРИДДИНОВНА

МИРЗОЕВА ФАРАНГИС БАДРИДДИНОВНА

муовини декани факултети идоракунии давлатӣ оид ба тарбия

номзади илмҳои таърих

(+992) 501–000-760mirzoevafarangis95@gmail.com

Сохтор

Мудири кафедра / шуъба

Маълумот илова карда мешавад

Маълумот илова карда мешавад

Роҳбар / Корманд

Дар ҳоли аниқкунӣ

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон