Маҷаллаи илмӣ сиёсии “Идоракунии давлатӣ” –и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сармуҳарир. Сафарзода Даврон Ҷурахон, сармуҳарир, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
Муовини сармуҳарир. Карамалишоев Карамалишо Нуралишоевич, муовини сармуҳаррир, номзади илмҳои таърих, дотсент
Муҳаррири масъул. Хуррамзода Муминшо Хуррам, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент
Маҷаллаи илмӣ сиёсии “Идоракунии давлатӣ” –и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ма¬ҷаллаи илмӣ, таҳлилӣ, иттилоотӣ ва таблиғотии Академия мебошанд.
1. Фаъолияти маҷалла бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таҳия ва нашри мақолаҳои илмии омӯзгорон, докторантон, аспирантон, магистрантон, донишҷӯён ва дигар муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ба роҳ монда мешавад.
2. Маҷалла аз бахшҳои зерин иборат мебошад:
- иқтисодӣ;
- ҳуқуқшиносӣ;
- сиёсатшиносӣ;В
3. Маҷалла дар саҳифаи андозаи А-4 дар ду-се моҳ як маротиба бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ интишор мешавад.
4. Фаъолияти маҷалла барои ҳалли масъалаҳои зерин равона гардидааст:
- қабул, ташхис, таҳрир ва нашри мақолаҳо;
- ташкили захираҳои пойгоҳи маҷмӯи мақолаҳо ва таълифоти дигари илмӣ барои нашр;
- ҳалли мушкилоти ташкил ва назорати сифат ва истифодаи усулҳои муосир барои нашри мақолаҳо;
- интишори ахбори холисона оид ба ҳаёти илмиву фарҳангӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ ва берун аз он миёни аҳолӣ ва аҳли илму адаб;
- таблиғи фаъолияти илмии омӯзгорон, олимону докторантон, докторантони Ph.D, аспирантон, унвонҷӯён ва кормандони Академия, ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар вобаста ба самти пажӯҳиш;
- шиносоӣ бо натиҷаи пажӯҳиши олимони ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар самтҳои гуногуни навовариҳои илму техникаи муосир;
- инъикоси натиҷаҳои фаъолияти илмӣ таҳқиқотӣ, илмӣ-амалӣ ва озмоишии олимони соҳаҳои мухталифи кишвар ва берун аз он;
- муаррифии зарфияти илмӣ ҷиҳати татбиқи комёбиҳои назарраси ил¬мӣ дар раванди таълими Академия;
- омодасозии маводди иттилоотӣ-таҳлилӣ оид ба масъалаҳои сифати маводди чопӣ, гузаронидани чорабиниҳо оид ба паҳн намудани онҳо;
- ташкили чорабиниҳо, машварат, конференсия, семинарҳо, табодули таҷриба, омӯзиши таҷрибаи пешқадами ватанӣ ва хориҷӣ оид ба беҳдошти фаъолияти маҷалла дар Академия;
- ташкили консепсия ва коркарди усулҳои нави фаъолият бо истифода аз таҷрибаҳои ватанӣ ва байналхалқӣ;
- расонидани ёрии методӣ ба муҳаққиқони ҷавон ҷиҳати низоми таълифу таҳияи осори илмӣ;
- таъмини омодасозии гурӯҳи таҳлилгарон ва гузаронидани таҳлилҳои дохилии низоми фаъолият;
- омодасозии масъалаҳо барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Шурои олимон ва раёсати Академия;
- дигар вазифаҳо, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва маориф манъ накардааст.
5. Шартҳои қабул ва нашри мақолаҳои илмӣ
- Ба идораи маҷалла маводди илмӣ аз ҷониби муаллифон (ҳаммуаллифон) дар шакли электронӣ ва хаттӣ супорида мешавад.
- Масъули қабули маводди илмӣ дар нашрия масъулони бахшҳо мебошанд.
- Маводди илмӣ қабл аз нашр барои таҳрир ба ҳайати таҳририя ва мутахассисони варзида (экспертҳо), ки номзад ва докторони илм мебошанд, вобаста ба бахш ва самти тахассус супорида мешавад.
- Экспертҳо вазифадоранд, ки мақолаи ба нашрия воридшударо мувофиқ ба аҳамияти мавзӯъ, мантиқи баён ва навоварии илмӣ баҳогузорӣ намоянд.
