Сохтор

Бахши ҳамкориҳои байналмилалӣ

Султанзода Зaррина

Султанзода Зaррина

мудири бахши ҳамкориҳои байналмилалии раёсати робитаҳои байналмилали

Бахши ҳамкориҳои байналмилалии Раёсати робитаҳои байналмилалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба таҳким ва тавсеаи робитаҳои байналмилалии Академия, рушди табодули академӣ, густариши ҳамкориҳои таълимию илмӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои омӯзишу истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ равона менамояд.

Дар шароити густариши равандҳои ҳамгироии байналмилалӣ, байналмилаликунонии таҳсилот ва афзоиши нақши дониш дар рушди давлат ва ҷомеа, ҳамкориҳои байналмилалӣ ба яке аз омилҳои муҳими такмили сифати таҳсилот, таҳкими неруи зеҳнӣ ва омода намудани кадрҳои дорои донишу ҷаҳонбинии муосир табдил ёфтаанд.
Бо дарназардошти ин равандҳо, Бахш барои таҳкими ҳузури Академия дар фазои байналмилалии таҳсилот ва илм, тавсеаи имкониятҳои ҳаракати академӣ, рушди барномаҳои муштараки таҳсилотӣ ва ташаккули муҳити мусоиди академии байналмилалӣ тадбирҳои пайгирона амалӣ менамояд.

ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ ВА РУШДИ ИҚТИДОРИ КАСБӢ

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бахш ба роҳ мондан ва рушди табодули академии донишҷӯён, магистрантон, докторантон, омӯзгорон ва кормандони Академия мебошад.
Дар ин самт Бахш барномаҳои байналмилалии таҳсил, омӯзиш, таҷрибаомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати иштироки намояндагони Академия дар онҳо тадбирҳои дахлдор меандешад.
Омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, тавсеаи доираи донишҳои касбӣ, шиносоӣ бо равишҳои муосири таълим ва таҳқиқот, инчунин рушди малакаҳои касбӣ ва илмии омӯзгорону кормандон аз ҳадафҳои муҳими фаъолияти Бахш ба шумор мераванд.
Тавассути табодули академӣ барои омӯзгорон ва муҳассилини Академия имконият фароҳам оварда мешавад, ки бо дастовардҳои муосири илму таҳсилот, усулҳои пешрафтаи таълим ва таҷрибаи муассисаҳои хориҷӣ аз наздик шинос гардида, дониш ва таҷрибаи андӯхтаи худро дар фаъолияти минбаъдаи таълимию илмӣ самаранок истифода намоянд.

КОР БО ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ

Самти муҳими дигари фаъолияти Бахшро ташкил, ҳамоҳангсозӣ ва пешбурди кор бо шаҳрвандони хориҷие, ки барои таҳсил ба Академия муроҷиат менамоянд ё дар Академия таҳсил ва фаъолият доранд, ташкил медиҳад.
Бахш қабули аризаҳои шаҳрвандони хориҷӣ, баррасӣ ва санҷиши ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, арзёбии ҳуҷҷатҳои таҳсилотии онҳо ва муайян намудани мутобиқати сатҳи омодагии довталабон ба талаботи муқарраргардидаи қабулро ба роҳ мемонад.
Дар доираи ваколатҳои худ Бахш масъалаҳои вобаста ба қабул, интиқол, барқароркунӣ ва хориҷ намудани муҳассилини хориҷиро ҳамоҳанг намуда, баҳисобгирӣ, пешбурди парвандаҳои шахсӣ, мукотибаи дахлдор ва ташаккули махзани маълумот оид ба онҳоро таъмин менамояд.
Ҳамзамон, ҷиҳати гирифтани раводид, тамдиди муҳлати он ва анҷом додани дигар расмиёти зарурии шаҳрвандони хориҷие, ки дар Академия таҳсил ё фаъолият менамоянд, тадбирҳои дахлдор амалӣ карда мешаванд.

МУТОБИҚШАВӢ БА МУҲИТИ ТАЪЛИМӢ ВА ФАРҲАНГИИ АКАДЕМИЯ

Ба фароҳам овардани шароити мусоид барои мутобиқшавии муҳассилини хориҷӣ ба муҳити таълимӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Академия таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Муҳассилини хориҷӣ бо тартиби ташкили раванди таълим, қоидаҳои тартиботи дохилии Академия ва хобгоҳ, ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, инчунин талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос карда мешаванд.
Бо мақсади шиносоии амиқтари онҳо бо таърих, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, варзишӣ, вохӯриҳо ва сафарҳои шиносоӣ баргузор карда мешаванд.
Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва риояи қоидаҳои муқарраршуда дар байни муҳассилини хориҷӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд.

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ТАҶРИБАОМӮЗИИ МУҲАССИЛИНИ ХОРИҶӢ

Бахш дар ҳамкорӣ бо кафедраҳо, факултетҳо ва дигар воҳидҳои сохтории Академия барои иштироки муҳассилини хориҷӣ дар фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, маҳфилҳои илмӣ, конференсияҳо, семинарҳо ва таҷрибаомӯзиҳои касбӣ мусоидат менамояд.
Ташкил ва ҳамоҳангсозии таҷрибаомӯзии муҳассилини хориҷӣ, фароҳам овардани имконият барои рушди малакаҳои таҳқиқотӣ ва ҷалби онҳо ба ҳаёти илмии Академия ба ташаккули муҳити фарогири академӣ ва таҳкими робитаҳои байнифарҳангӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, Бахш барои нигоҳдорӣ ва рушди робита бо хатмкардагони Академия аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ тадбир андешида, ба ташаккули шабакаи устувори робитаҳои касбӣ ва академӣ мусоидат мекунад.

БАРНОМАҲОИ МУШТАРАКИ
ТАҲСИЛОТӢ ВА ТАҲСИЛОТИ ДУДИПЛОМӢ

Яке аз самтҳои муҳими рушди ҳамкориҳои байналмилалии Академия таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки таҳсилотӣ, аз ҷумла барномаҳои таҳсилоти дудипломӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ мебошад.
Бо ин мақсад, Бахш дар ҳамкорӣ бо воҳидҳои сохтории Академия самтҳои афзалиятноки татбиқи барномаҳои муштараки таҳсилотиро муайян намуда, масъалаҳои таҳияи санадҳои ҳамкорӣ, мувофиқасозии барномаҳои таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимӣ, инчунин ташкили ҳаракати академии донишҷӯён, магистрантон ва докторантонро ҳамоҳанг месозад.
Дар доираи татбиқи чунин барномаҳо ба донишҷӯён, магистрантон ва докторантон кӯмаки иттилоотӣ, машваратӣ ва методӣ расонида шуда, раванди иҷро ва самаранокии барномаҳои муштараки таҳсилотӣ мунтазам мавриди омӯзиш ва мониторинг қарор дода мешавад.
Роҳандозии барномаҳои муштараки таҳсилотӣ барои тавсеаи имкониятҳои таҳсил, баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон ва густариши ҳамгироии Академия бо фазои байналмилалии таҳсилоти олӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

ҶАЛБИ ОЛИМОН ВА КОРШИНОСОНИ ХОРИҶӢ

Дар самти таҳкими робитаҳои илмӣ ва ғанӣ гардонидани муҳити академӣ, Бахш барои ҷалби олимон, профессорон, омӯзгорон, коршиносон ва мутахассисони хориҷӣ ба фаъолияти таълимию илмии Академия мусоидат менамояд.
Иштироки намояндагони ҷомеаи илмӣ ва коршиносии хориҷӣ дар лексияҳо, семинарҳо, конференсияҳо, мизҳои мудаввар, таҳқиқоти муштарак ва дигар чорабиниҳои академӣ ба мубодилаи дониш ва таҷриба, рушди робитаҳои касбӣ ва густариши муколамаи илмӣ мусоидат мекунад.

РИСОЛАТ ВА ДУРНАМО

Рисолати Бахши ҳамкориҳои байналмилалӣ фароҳам овардани заминаи устувор барои байналмилаликунонии таҳсилот ва илм, тавсеаи ҳаракати академӣ, рушди неруи зеҳнӣ ва истифодаи самараноки таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар фаъолияти Академия мебошад.
Дар меҳвари ин рисолат инсон, дониш ва рушди иқтидори касбӣ қарор дошта, ҳамкории байналмилалӣ ҳамчун воситаи муҳими табодули афкор, таҷриба ва дастовардҳои илмӣ хизмат менамояд.
Бахш бо истифода аз имкониятҳои муосири ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати тавсеаи робитаҳои академӣ, таҳкими муҳити байналмилалии Академия ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои омӯзгорон, муҳаққиқон ва муҳассилин фаъолияти пайгирона ба роҳ мемонад.
Таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, мубодилаи дониш ва таҷриба, рушди ҳаракати академӣ ва омода намудани мутахассисони дорои тафаккури муосир аз омилҳои муҳими таҳкими неруи зеҳнии Академия ва муаррифии шоистаи дастовардҳои илму таҳсилоти Тоҷикистон дар фазои байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд.

https://t.me/international_cooperation_apart

Бахши ҳамкориҳои байналмилалӣ | Академияи идоракунии давлатӣ | АИД