Сохтор

Шуъбаи умумӣ

Шуъбаи умумӣ

Ф

Файзуллозода Файзиддин Файзулло

Сардори шуъбаи умумӣ

Шуъбаи умумӣ

Шуъбаи умумӣ яке аз зерсохторҳои раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсуси Академия ба шумор рафта, фаъолияти он дар асоси Оинномаи Академия ва низомномаи шуъбаи умумӣ ба роҳ монда шудааст. Коргузорӣ аз рўи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё муроҷиатҳои якҷояи онҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад. Дар шуъбаи умумӣ чор басти вазифавӣ, аз ҷумла сардори шуъба ва ду нафар сармутахассис ва як мутахассиси пешбар кору фаъолият намуда, барои иҷрои талаботи нигоҳдорӣ ва ҳифзи маълумоти ҳуҷҷатҳои хизматӣ масъулият доранд.

Самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи умумӣ

  • Коргузорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ — қабул, бақайдгирӣ, таҳия, ирсол ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои хизматӣ.
  • Назорати иҷрои ҳуҷҷатҳо — назорат аз болои иҷрои супоришҳо, қарорҳо, фармоишҳо ва мактубҳои воридшуда.
  • Қабул ва ирсоли муросилот — қабул, бақайдгирӣ ва тақсим намудани ҳуҷҷатҳои воридотӣ, инчунин ирсоли ҳуҷҷатҳои содиротӣ.
  • Кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон — қабул, бақайдгирӣ ва ба масъулон ирсол намудани ариза, пешниҳод ва шикоятҳо.
  • Нигоҳдорӣ ва бойгонии ҳуҷҷатҳо — ба низом даровардан, нигоҳдорӣ ва супоридани ҳуҷҷатҳо ба бойгонӣ тибқи талаботи муқарраргардида.
  • Ҳамоҳангсозии робитаҳои дохилӣ — таъмини мубодилаи саривақтии маълумот ва ҳуҷҷатҳо байни сохторҳои ташкилот.
  • Иҷрои супоришҳои роҳбарият — ташкил ва назорати иҷрои супоришҳои вобаста ба фаъолияти шуъба.

Дар маҷмӯъ, мақсади асосии шуъбаи умумӣ таъмини гардиши дурусти ҳуҷҷатҳо, интизоми коргузорӣ, назорати иҷрои супоришҳо ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти самараноки Академия мебошад.

Шуъбаи умумӣ | Академияи идоракунии давлатӣ | АИД