Сохтор

Шуъбаи таҳрир ва табъу нашр

Хуррамзода Муминшо Хуррам,

Хуррамзода Муминшо Хуррам,

Сардори шуъбаи таҳрир ва табъу нашри

Шуъбаи таҳрир ва табъу нашри Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон банақшагирӣ ва амалисозии фаъолият дар бахши табъу нашри Академия буда, ба стандартҳои давлатӣ ва меъёрҳои нашри асарҳои илмӣ мувофиқат кардан ё накардани китобҳои ба нашр пешниҳодшударо муайян мекунад. Мутобиқат доштани асарҳои илмиро ба талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ муқаррар мекунад. Шуъба ҳамкориро ба ВОА ҷоннок намуда, фаъолияти сомона ва шабакаҳои иҷтимое, ки марбут ба Академия мебошад, пеш мебарад. Шуъба барои таҳия ва нашр гардидани маҷаллаҳои «Идоракунии давлатӣ», ва рӯзномаи «Сарвар ва миллат», шароити мусоиди эҷодӣ фароҳам меоварад.

Бо назардошти ҳадафҳо шуъба чунин вазифаҳоро иҷро мекунад:

  • мутобиқи қоидаҳои тартиботи дохили Академия, дар ҳамкорӣ бо Шурои илмӣ - методии факултетҳо нақшаи солонаи нашри китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, илмӣ-методӣ, озмоишӣ, маҷмуаи мақолаҳои илмиро тартиб медиҳад;
  • аз рафти таҳияи асарҳо мутобиқи нақша назорат мебарад ва онҳоро ба нашр омода месозад;
  • бо Шурои илмӣ-методӣ ҳам¬ко¬риро ба роҳ монда, маводи пешниҳод-шаван¬даро ташхис ва таҳлилу баррасӣ намуда, доир ба афзалият, нуқсонҳои ҷойдошта ва умуман масъалаи табъу нашри он ба Шурои илмӣ-методӣ хулосаҳои заруриро ба таври хаттӣ пешниҳод менамояд.
  • ҳуҷҷатҳои муқарраргардида, аз ҷумла тақризҳои вобаста ба асарҳои илмӣ воридгардидаро назорат ва сатҳу сифати онҳоро талаб менамояд;
  • Дар ҳамкорӣ бо Шурои илмӣ-методӣ мутобиқати асарҳои ба нашр омодашавандаро ба стандартҳои илмӣ муайян мекунад;
  • бо ВАО ҳамкорӣ менамояд, нишастҳои матбуотиро дар сатҳи Академия ташкил ва роҳандозӣ менамояд;
  • шуъба танҳо дар асоси натиҷаи ташхиси коргузорон маводи мавриди чопро ба Шурои илмӣ-методӣ барои гирифтани қарори иҷозати чоп пешниҳод менамояд;
  • дар корҳои нашри осори илмии устодони Академия иштирок мекунад;

-бо кафедраҳо, факултетҳо, шуроҳои илмию методӣ, муҳосибот, китобхона, парки технологӣ, нашриёти Академияӣ ва дигар зерсохторҳои Академия ҳамкорӣ намуда, дар интихоби чопхона озод мебошад.
  • барои мунтазам ва дар муҳлати муқарраршуда чоп ва дастраси обунашудагон гардидани маҷаллаҳои Идоракунии давлатӣ”, «Паёми Академия», ва рӯзномаи «Сарвар ва миллат» шароит фароҳам меоварад.
  • Барои сифатан беҳтар намудани тахассуси кормандони марказ чора меандешад;