Сохтор

Шуъбаи музди меҳнат ва баҳисобгирӣ

Сафаров Абдухолиқ Зафарович

Сафаров Абдухолиқ Зафарович

Сардори шуъбаи музди меҳнат ва баҳисобгирӣ

Шуъбаи музди меҳнат воҳиди сохторе мебошад, ки барои ташкил, банақшагирӣ, назорат ва такмили низоми музди меҳнати кормандон масъул мебошад. Фаъолияти он ба таъмини дуруст ва саривақтии пардохти музди меҳнат, риояи қонунгузории меҳнат ва истифодабарии самараноки фонди музди меҳнат равона карда мешавад.

Вазифаҳои асосии шӯъбаи музди меҳнат:
1. Ҳисоб ва таҳлили фонди музди меҳнат-муайян намудани маблағҳои барои пардохти музди меҳнати кормандон.
2. Танзими музди меҳнат-таҳияи пешниҳодҳо оид ба маош, таърифҳо, иловапулиҳо ва мукофотпулиҳо.
3. Назорати пардохти музди меҳнат-назорат аз болои сари вақт ва дуруст пардохт намудани маош.
4. Ҳисобкунии мукофотпулиҳо ва иловапулиҳо мувофиқи санадҳои дохилӣ ва қонунгузорӣ.
5. Таҳлили ҳосилнокии меҳнат ва муқоисаи он бо хароҷоти музди меҳнат.
6. Тартиб додани ҳисоботҳо оиди ба музди меҳнат ва шумораи кормандон.
7. Назорати риояи қонунгузории меҳнат дар масъалаҳои музди меҳнат.
8. Пешниҳоди намудани чораҳо барои беҳтар намудани низоми музди меҳнат ва баланд бардоштани самаранокии меҳнати кормандон.
9. Ҳамкорӣ бо дигар шуъбаҳо, аз ҷумла муҳосибот, раёсати кадрҳо ва роҳбарияти корхона.
10. Нигоҳдорӣ ва коркарди ҳуҷҷатҳо вобаста ба музди меҳнат.
11. Ҳисобот ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳисоботи оморӣ оид ба шумораи кормандон, музди меҳнат ва дигар нишондиҳандаҳои меҳнатӣ.
12. Ҳисобот ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – маълумот ва ҳисоботи вобаста ба андоз аз даромади кормандон ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ.
13. Ҳисобот ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – маълумот вобаста ба музди меҳнат ва пардохтҳои суғуртаи иҷтимоӣ.

Шӯъбаи музди меҳнат барои дуруст ташкил намудани пардохти меҳнат, риояи ҳуқуқҳои кормандон ва истифодаи самаранокии маблағҳои корхона нақши муҳим дорад. Фаъолияти дурусти ин шӯъба ба баланд шудани ҳавасмандии кормандон ва самаранокии кори корхона мусоидат мекунад.

Шуъбаи музди меҳнат ва баҳисобгирӣ | Академияи идоракунии давлатӣ | АИД