Шуъбаи молу амвол

Шуъбаи молу амвол дар сохтори раёсати молия ва баҳисобгирии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар асоси Оиннома ва Низомномаи Муассисаи давлатии “Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.
Шуъба вазифањои зеринро иљро менамояд:
-Пешбурди назорати мақсадноки захираҳои моддӣ ва молиявии Академия;
-Баруйхатгирӣ (инвентаризатсия)- усули муайян намудани мавҷудияти хоҷагӣ;
-Таъмини назорати истифодаи мақсаднок ва сарфакоронаи захираҳои моддӣ ва молиявӣ, саривақт ошкор намудани падидаҳои номатлуб дар фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, пайдо ва равонасозии захираҳои дохилии хоҷагӣ;
-Баҳодиҳӣ ин тарзи муайян намудани воситаҳои арзиши хоҷагӣ;
-Пешгирии натиҷаҳои номатлуби фаъолияти хоҷагидории Академия;
-Омодасозӣ ва ба сардори раёсат пешниҳод намудани маводҳои иттилоотӣ – таҳлилӣ дар бораи ҳолат ва дурнамои рушди ҳисоботи мубоҳисавӣ дар Раёсат;
-Ташкили ҳисоботи мубоҳисавӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар асоси истифодаи василаҳои муосири техникӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, шакл ва усулҳои пешрафтаи баҳисобгирӣ ва назорат, ташкил ва пешниҳоди саривақтии иттилооти пурра ва саҳеҳи мубоҳисавӣ дар бораи фаъолияти Академия, вазъи молиявии он даромадҳо ва хароҷот, коркард ва амалисозии чорабиниҳо ва мустаҳкамсозии интизоми молиявӣ;
-Лоињаи наќшаи кории дурнамо ва солонаи муњосиботро бо назар-дошти њамаи шаклњои фаъолияташ ва њисоботи корашро тар¬тиб ме-д謬њад;
-Таъмини риояи қатъии харҷҳои басти корӣ, молиявӣ ва сметаи харҷҳои молиявию хоҷагидорӣ, қонунӣ будани аз эътибор соқитнамоӣ, барасмиятдарорӣ ва тибқи тартиботи муқарраргадида супоридан ба бойгонӣ;
Фаъолияти кормандони шуъба
Кори шуъба аз ҷониби сардори шуъба идора карда мешавад. Воҳидҳои сохтории шуъба аз вазифаи сармутахассис ва мутахассиси пешбар иборат аст. Масъалаи даровардани тағйирот ба сохтор ва тартиби қатъ намудани фаъолияти шуъба тибқи тартиби муқарарнамудаи Оинномаи Академия амалӣ карда мешавад. Сардори шуъба тибқи фармоиши Ректори Академия ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
