Муроҷиат ба Ректор
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»

Сафарзода Даврон Ҷурахон
ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.п., дотсент
Қоидаҳои асосии қабули муроҷиатҳо
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Тартиби баррасӣ ва рӯзҳои қабул
Муроҷиат ба ректори Академия дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” мавриди баррасӣ қарор дода мешается. Вобаста ба масъалаи мазкур тибқи ҷадвал рӯзҳои қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст:
