АсосӣМақолаҳо35 СОЛИ СОЗАНДАГИИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РАВАНДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Бозгашт ба рӯйхати мақолаҳо
35 СОЛИ СОЗАНДАГИИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РАВАНДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

35 СОЛИ СОЗАНДАГИИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РАВАНДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Сайфуллоҳзода Б.С. н.и.с., муовини декани факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ 2026-08-19

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат неъмати бузург ва сарвати бебаҳост. Барои миллати тоҷик истиқлолият имконият фароҳам овард, ки баъди садсолаҳо давлатдории миллӣ дар шакли муосир эҳё гардида, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи худро пайдо намояд. Аммо ба даст овардани истиқлол танҳо оғози роҳи давлатсозӣ буд. Нигоҳ доштани он, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи мардум вазифаҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ гардиданд.
Дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ нақши роҳбарияти сиёсии кишвар, бахусус фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини субот, эҳёи давлатдорӣ ва пешбурди сиёсати созандагӣ муҳим арзёбӣ мешавад. Солҳои аввали истиқлол барои Тоҷикистон давраи бисёр мураккаб буданд. Ҷомеа ба суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии сохторҳои давлатӣ ниёз дошт. Дар чунин шароит масъалаи асосӣ ҳифзи давлат, таҳкими истиқлол ва муттаҳид намудани ҷомеа дар атрофи ҳадафҳои умумимиллӣ буд.

Бо барқарор гардидани сулҳу ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон имконияти воқеии гузаштан ба марҳилаи нави давлатсозӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ фароҳам омад. Дар давоми солҳои минбаъда корҳои созандагиву бунёдкорӣ тадриҷан ба самти муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд. Имрӯз натиҷаи ин равандро дар симои шаҳрҳо, шаҳракҳо ва деҳоти кишвар, дар рушди роҳу нақбҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ метавон мушоҳида кард.

Маънои созандагии давлатдорӣ танҳо дар сохтмони бино ва иншоот ифода намеёбад. Созандагии воқеӣ пеш аз ҳама ба ташаккули институтҳои муосири давлатӣ, таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, рушди иқтисод, баланд бардоштани сатҳи маърифату дониш ва ташаккули ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ иртибот дорад. Дар даврони истиқлол низоми ҳуқуқии миллӣ такмил ёфта, барои рушди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шуданд. Дар ин самт рушди мақомоти давлатӣ ва такмили низоми идоракунӣ низ ҳамчун ҷузъи муҳимми давлатсозӣ аҳаммият пайдо кардааст.
Яке аз дастовардҳои муҳимми даврони истиқлол рушди инфрасохтор ва татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошад. Бунёди роҳҳо, нақбҳо ва иншооти энергетикӣ на танҳо чеҳраи кишварро дигар намуд, балки ба рушди робитаҳои иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои гуногун мусоидат кард. Ҷолиб аст, ки дар рамзи расмии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ роҳ, нақб ва неругоҳ ҳамчун рамзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои стратегии миллӣ инъикос ёфтаанд.

Дар баробари рушди иқтисодӣ, масъалаи инсон ва сармояи инсонӣ низ дар маркази сиёсати давлатӣ қарор гирифтааст. Маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва тарбияи насли ҷавон заминаи асосии рушди устувори ҳар давлат мебошанд. Агар сохтмони роҳу корхонаҳо симои моддии давлатро тағйир диҳанд, пас рушди маорифу илм ва фарҳанг ояндаи зеҳнӣ ва маънавии миллатро муайян мекунад.

Соли 2026 барои Тоҷикистон соли махсуси таърихӣ мебошад. Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст, давлатсозӣ танҳо кори мақомоти давлатӣ нест. Дар он ҳар як шаҳрванд, соҳибкор, омӯзгор, олим, табиб, хизматчии давлатӣ, сохтмончӣ, деҳқон ва ҳар як фарди ватандӯст саҳм дорад. Ободии кӯча, маҳалла, деҳа ва шаҳр низ як қисми фарҳанги давлатсозӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд барои ҳар як шаҳрванд на танҳо як санаи тақвимӣ, балки рамзи масъулият дар назди Ватан бошад.

Дар зарфи 35 соли истиқлол Тоҷикистон роҳи пурпечутоб ва муҳимми давлатсозиро тай намуд. Аз марҳилаи эҳёи сохторҳои давлатӣ ва барқарорсозии субот то марҳилаи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ қадамҳои назаррас гузошта шуданд. Имрӯз вазифаи муҳим на танҳо нигоҳ доштани дастовардҳои бадастомада, балки идомаи раванди созандагӣ, баланд бардоштани сифати идоракунии давлатӣ, рушди илм ва маориф, истифодаи технологияҳои нав ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ мебошад. 35 соли Истиқлол роҳи тайшудаи як насл нест, балки марҳилаи муҳимми таърихи давлатдории навини тоҷикон мебошад. Ин давра ба мо меомӯзонад, ки истиқлолиятро танҳо бо сухан ҳифз кардан имконнопазир аст. Истиқлолият меҳнат, масъулият, дониш, ваҳдат ва созандагиро талаб мекунад.

Аз ин рӯ, 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд ҳамчун марҳилаи ҷамъбасти роҳи тайшуда ва ҳамзамон оғози марҳилаи нави рушди Тоҷикистон арзёбӣ гардад. Ояндаи давлатдорӣ аз он вобаста аст, ки мо имрӯз то чӣ андоза барои рушди давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободии Ватани азизамон саҳм мегузорем.
Истиқлолият дастоварди бузург аст, аммо таҳкими он вазифаи ҳамешагии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

35 СОЛИ СОЗАНДАГИИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РАВАНДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ | АИД