АсосӣМақолаҳоАВФ ВА БАХШИДАНИ ГУНОҲ НИШОНАИ ҶАВОНМАРДИСТ
Бозгашт ба рӯйхати мақолаҳо

АВФ ВА БАХШИДАНИ ГУНОҲ НИШОНАИ ҶАВОНМАРДИСТ

2026-06-30

Дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон бахшидан ва гузашт кардан аз волотарин фазилатҳои инсонӣ ба шумор меравад. Бузургони миллат дар осори гаронбаҳои худ ҳамеша мардумро ба раҳму шафқат, ҷавонмардӣ ва афву гузашт ҳидоят намудаанд. Ин суннати нек аз шоҳони одилу хирадманди таърихи мо – Куруши Кабир, Анӯшервони Одил ва Исмоили Сомонӣ то рӯзгори имрӯз ҳамчун мероси арзишманди маънавӣ ба наслҳо расидааст.

Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ мефармояд:

Ба бахшиш касе беҳ зи мардум набуд,
Зи бахшанда бод ҷаҳон пур зи суд.

Воқеан, бахшидан нишонаи бузургии инсон, покии қалб ва олиҳимматист. Дини мубини Ислом низ инсониятро ба афву гузашт даъват намуда, онро аз беҳтарин амалҳои хайр арзёбӣ кардааст. Дар Қуръони карим омадааст, ки Худованд бахшандагонро дӯст медорад ва подоши бузург насиби онҳо мегардонад.

Маҳз ҳамин арзишҳои волои инсонӣ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи махсус доранд. Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ Сарвари давлат роҳи сулҳу оштӣ, бахшишу гузашт ва ваҳдати миллиро пеш гирифтанд.

Пас аз анҷоми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, вақте ки кишвар ба сулҳу субот ниёз дошт, Пешвои миллат ба хотири таҳкими оштии миллӣ ва барқарор намудани сулҳу ваҳдат афви умумиро эълон намуданд. Ҳазорон нафаре, ки дар гирдоби ҷанг қарор гирифта буданд, бахшида шуданд ва ба зиндагии осоишта баргаштанд. Ин иқдом дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун намунаи олии инсондӯстӣ ва хирадмандии сиёсӣ сабт гардид.

Бузургон гуфтаанд:

"Гуноҳи дигаронро бубахш, то Худованд гуноҳи туро бубахшад."

Имрӯз низ ин сиёсати инсонпарварона идома дорад. Дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид. Ин санади муҳимми таърихӣ боз як бор собит намуд, ки сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон бар пояи инсондӯстӣ, раҳму шафқат ва ғамхорӣ нисбат ба ҳар як шаҳрванд асос ёфтааст.

Тибқи қонуни мазкур, ки 16 июни соли 2026 Фармони Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, авф нисбат ба 18038 нафар татбиқ мегардад. Аз ин шумора 11305 нафар аз маҳрумият аз озодӣ ва дигар намудҳои ҷазо озод шуда, муҳлати ҷазои 6733 нафари дигар кам карда мешавад. Дар паси ҳар як рақам сарнавишти инсон, умеди оила ва орзуи зиндагии нав қарор дорад. Ҳазорон нафар имконият пайдо мекунанд, ки ба назди падару модар, фарзандон ва пайвандонашон баргашта, роҳи дурусти зиндагиро интихоб намоянд.

Таваҷҷуҳи махсус ба занону ноболиғон низ аз хусусиятҳои муҳимми ин авф мебошад. Аз 507 нафар занони маҳкумшуда 248 нафар пурра озод гардида, муҳлати ҷазои 259 нафари дигар кам карда мешавад. Ҳамчунин аз 134 нафар ноболиғ 99 нафар озод шуда, муҳлати ҷазои 35 нафари дигар коҳиш дода мешавад.

Ин рақамҳо далели равшани онанд, ки давлат ба ояндаи ҷавонон ва мақоми зан дар ҷомеа бо эҳтиром ва масъулияти баланд муносибат мекунад. Зеро ҳар ҷавоне, ки ба зиндагии солим бармегардад, метавонад дар ободии Ватан саҳм гузорад ва ҳар модаре, ки ба оилааш бармегардад, метавонад гармии хонадонро эҳё намояд.

Ин ҳаждаҳумин авф дар даврони роҳбарии Пешвои миллат мебошад, ки аҳаммияти бузурги иҷтимоӣ ва инсонпарварона дорад. Дар ҳақиқат, чунин иқдомҳо таҷассуми анъанаҳои деринаи давлатдории тоҷикон ва сиёсати оқилонаи роҳбарияти давлат мебошанд.

Банда дар чанд мисраи хеш овардаам.

Ту аз сари мо буғзу бало дур кардӣ,

Ту сулҳу салоҳ дар кишварат ҷур кардӣ.

Эй марди сахо, Нӯши Равони одил,

Озодии зиндонӣ ту манзур кардӣ.

Озодии зиндониёнро касе манзур мекунад, ки ӯ баргузида ва Раҳбари оқилу хирадманд аст.

Саъдии бузургвор фармудааст:

Агар қавмеро писандад Худой.

Диҳад хусрави одилу некрой.

Агар хоҳад, ки вайрон кунад оламе.

Ниҳад мулк дар панҷаи золиме.

Бале, миллати моро Худои меҳрубон дӯст доштааст, ки ин Раҳбари оқилу хирадманд ва дилсӯзу меҳрубонро барои мо туҳфа кардааст. Ӯ ҳамчун роҳбар дар тӯли фаъолияти хеш 18 маротиба авф барои зиндониён кардааст.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон аз чунин сиёсати башардӯстона ва хирадмандонаи Пешвои миллат ифтихор доранд. Зеро авф ва озодӣ зиндагии зиндониёнро аз нав эҳё намуда, бо пайки шодию умед онҳоро ба фардои дурахшон ба фатҳи қуллаҳои умед раҳнамоӣ мекунад.

Бахшидан ва гузашт кардан аз беҳтарин хислатҳои инсонӣ буда, дар адабиёти форсу тоҷик ҳамчун нишонаи ҷавонмардӣ, бузургворӣ ва камолоти маънавӣ ситоиш шудааст. Шоирону мутафаккирони бузурги мо бар ин ақида буданд, ки инсон бо афву гузашт на танҳо дигаронро аз ранҷу азоб мераҳонад, балки қалби худро низ аз кинаву адоват пок месозад.

Устод Саъдии Шерозӣ бахшишро аломати бузургии инсон дониста, мегӯяд:

Касе нек бинад ба ҳар ду сарой,

Ки некӣ расонад ба халқи Худой.

Ба андешаи Саъдӣ инсоне, ки гуноҳи дигаронро мебахшад ва ба мардум некӣ мекунад, ҳам дар дунё ва ҳам дар охират соҳиби обрӯву саодат мегардад.

Дар ҷойи дигар Носири Хисрави Қабодиёнӣ ин нуктаро бо лаҳни зебо баён доштааст.

Мадад кун, то ки ҳақ ёри ту бошад.

Ҳама олам мададгори ту бошад.

Мададу дастгирии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро мо нисбати мардуми камбизоат ва ятимону шахсони имконияташон маҳдуд ҳар рӯз тариқи васоити ахбори омма мебинем ва мешунавем.

Қонуни авфе, ки дар арафаи рӯзи Ваҳдат ва 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ содир карданд, нишонаи ҷавонмардӣ ва бахшидани гуноҳ буда, миллатро шоду хуррам намуд.

Абдураҳмони Ҷомӣ низ бахшишро василаи рафъи душманӣ ва таҳкими дӯстӣ медонад:

Ба афв ар тавонӣ, ки душман кушӣ,

Беҳ аз он, к-ӯро ба шамшер кушӣ.

Маънии ин сухан он аст, ки бахшидани хатои инсон метавонад ӯро ба роҳи рост ҳидоят намояд, дар ҳоле ки ҷазо на ҳамеша чунин таъсир дорад.

Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома» аз забони қаҳрамонони худ борҳо раҳму шафқат ва гузаштро ситоиш намуда, инсонро ба нармӣ ва бахшандагӣ даъват кардааст:

Зи бахшиш ҷаҳон ёбад оромро,

Бубандад дари кинаву комро.

Шоирон бар онанд, ки самараи бахшиш танҳо ба як шахс маҳдуд намешавад. Он муҳити ҷомеаро солим мегардонад, дӯстиро зиёд мекунад ва кинаро аз миён мебарад.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бахшишро нишонаи қудрати маънавӣ мешуморад:

Ҳар кӣ ӯ бахшад, Худо бахшанда аст,

Бахшишу эҳсон нишони банда аст.

Аз нигоҳи Мавлоно инсоне, ки дигаронро мебахшад, ба раҳмату меҳрубонии Худованд наздик мешавад ва дар дил оромиш пайдо мекунад.

Бо итминон метавон гуфт, ки сиёсати авфу бахшиш аз ҷавонмардии ниёгони мо сарчашма гирифтааст, дар замони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мазмуну муҳтавои тоза касб намуда, ҳамчун рамзи инсондӯстӣ, адолат ва ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи хоса пайдо кардааст. Дар охир ба чанд мисраи хеш таъкид карда мегӯям:

Аҳсан ба равони Сарвари мо,

Ӯ марди ҳақиқат асту оқил.

Бо адлу раияте, ки дорад,

Ӯ бошад Анӯшервони одил.

Ҷалолуддин Нурзода, директори Пажуҳишгоҳи идораи давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АВФ ВА БАХШИДАНИ ГУНОҲ НИШОНАИ ҶАВОНМАРДИСТ | АИД