АсосӣМақолаҳоБа ифтихори ҷашни бузурги миллӣ-35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ
Бозгашт ба рӯйхати мақолаҳо
Ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ-35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ

Ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ-35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ

2026-06-05

БУРҶИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ

Бурҷи озодии миллат, бурҷи Истиқлоли давлат,
Дар Душанбе карда қомат бурҷи паймону муҳаббат.

Ҳамчу рамзи устуворӣ, ҳамчу рамзи пойдорӣ,
Пойбарҷо бош доим ҳамчу набзи ҷони миллат.

Рамзи Истиқлолу шодӣ, рамзи озодии миллат,
Бурҷи ирфон, бурҷи давлат, бурҷи муҳкам, бурҷи ваҳдат.

Ҳамчу симурғи бақоӣ, пайкари зардуштҳоӣ,
Рамзи сӣ соли саодат, рамзи меҳнат, рамзи неъмат.

Пайкари Хайёму Сино, Рӯдакиву Оли Сомон,
Пайкари Бозори шоир, пайкари бахту саодат.

Пайкари Восеу Маздак пайкари Махсуму [1] Ширин [2],
Пайкари Айниву Мирзо, шаҳсутуни Кохи давлат.

Бурҷи Истиқлоли давлат ҳамчу рамзи усутворӣ,
Дар Душанбе карда қомат ҳамчу рамзи нури раҳмат.

[1] Нусратулло Махсум дар назар дошта шудааст
[2] Шириншоҳ Шоҳтемур дар назар дошта шудааст.

Маликшозода Шоҳбегим Хайрулло, н.и.ф., узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, директори маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат

Ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ-35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ | АИД