АсосӣМақолаҳоЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ЭҲЁГАРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Бозгашт ба рӯйхати мақолаҳо
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ЭҲЁГАРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ЭҲЁГАРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

2026-06-05

(Ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида мешавад)

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳаи охири асри ХХ истиқлолият ба даст овард ва дар баробари ин ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки институтҳои давлатдорӣ, иқтисодиёт фалаҷ гардид, корхонаҳо аз фаъолият монда, хонаву манзилҳо оташ зада шуд ва мардуми зиёде гурезаву фирорӣ шуданд. Вазъият хеле муташанниҷ ва хатарзо буд ва мардум ба фардои нек боварӣ надоштанд. Дар чунин вазъият барои аз вартаи нобудӣ нигаҳ доштани миллат, ба ҳам овардани ҷамъи парешон ва таъмини сулҳу субот шахсияте лозим буд, ки дорои ҳама сифатҳои иродавӣ: ҳадафманд будан, қатъият, ҷасурӣ, мардонагӣ, суботкорӣ, худдорӣ, ташаббускорӣ, мустақилӣ ва ғайраҳо бошад.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи нав боз намуд. Иҷлосияи сарнавиштсоз дар таърихи навини давлатдории кишвар ба миллати азияткашидаи тоҷик шахсиятеро эҳдо кард, ки барои ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, созандагию бунёдкорӣ ҳастии хешро фидо карду фидо мекунад. Дар ин Иҷлосияи тақдирсоз Эмомалӣ Раҳмон ба сифати раиси Шурои Олӣ бо як овоз интихоб гардид. Аз рӯзҳои ааввали ба арсаи сиёсат қадам гузоштанаш маълум гардид, ки Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсат ва самти давлату давлатдорӣ истеъдоди азалии фитрӣ дорад ва аз беҳтарин сифатҳои роҳбарӣ бархӯрдор аст.

Ӯ беҳтарин фарзанди босадоқати Ватан буда, некманишӣ ва хирадоинӣ, таҳаммулгароӣ, дарки вазъият, ташхиси иллатҳо дар ҳолатҳои гуногун, истеъдоди интихоби тадбирҳои муҳиМму муассир дар вазъиятҳои гуногун, ваҳдату сулҳу суботи сартосариро ҳадафи ҳамешагии худ қарор додааст.

Роҳбари тозаинтихоб зимоми роҳбариро ба даст гирифта, бо хиради волои азалияш рафти иҷлосияро тағйир дод. Эмомалӣ Раҳмон хуб дарк намуда буд, ки барои мардумаш беҳтарин ва волотарин сарват сулҳу ваҳдат аст. Аз ин рӯ, бо аввалин муроҷиатнома -“Ба халқи шарифи Тоҷикистон” аз 12 декабри соли 1992 роҳи ҳалли низоъу даргириҳоро дар гуфтушуниди мусолиҳатомези Ҳукумати Тоҷикистон бо мухолифин медид ва барои амалӣ кардани ин нақша ҷасоратмандона саъю талош меварзид. Ин нукта дар муроҷиатнома хеле возеҳу равшан зикр гардидааст. « Ман ба Шумо сулҳ меорам! То даме, ки охирин гурезаро аз хоки Афғонистон ба Ватан барнагардонам, осуда буда наметавонам. Қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам. Чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хуши халқи азияткашидаам бовар дорам» ”

Мусаллам аст, ки ба шарофати заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои мухталифи сиёсӣ ба ҳам оварда шуд ва дар мамлакат сулҳу ваҳдат пойдор, хатари азбайнравии миллат пешгирӣ гардид. Файласуфи маъруф Албер Эйнштейн мегӯяд: ”Дар ҷанг ғолиб шояд бешумор бошад, вале дар сулҳ фақат хирадманд пирӯз мешавад”. Пешвои миллат бо формулаи Эйнштейн ғолиби сулҳ гардид. ”

Барои бунёди давлатдории навин имконият ба вуҷуд омад. Маҳз Созишномаи истиқрори сулҳ барои рушди давлатдории миллӣ мусоидат намуд, ки дар саргаҳаш Эмомалӣ Раҳмон меистод. “Созишномаи сулҳи соли 1997 заминаи ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон фароҳам овард. Ин санад , ки ҳамчун “модели тоҷикии сулҳ” дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст, ба парокандагии миллат хотима бахшид ва суботи сиёсиро таъмин кард”.

Тарҳрезии шакли идораи низоми сиёсӣ ва сохтори давлат яке аз умдатарин масъалаҳо дар рӯзҳои аввалини соҳибистиқлолӣ буд, ки бевосита ба ҳастии миллат ва бунёди давлати пойдору устувор таъсир дошт. Дар ин масъала Пешвои миллат Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, мустақил, дунявӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Маҳз зери роҳбарии ӯ давлати соҳибихтиёру демократӣ, мустақил, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд.

Барои роҳбари ҷавони давлат аз декабри соли 1992 то 1994 давраи басо душвору сангин ба ҳисоб мерафт. Президенти кишвар ҳифзи истиқлолият ва мустақилияти давлатро ҳамчун ҳадафи стратегӣ роҳандозӣ намуданд ва 6 ноябри соли 1994 қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси ниҳодҳои қонунгузорӣ ва иҷроия, таҳкими сохторҳои давлатӣ заминаи устувори сиёсиро барои рушди бемайлони давлатдории миллӣ фароҳам овард.

Пешвои миллат кори давлатдории худро бо роҳи бунёду барқарорсозиҳо оғоз карда, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ бо хирадпешагии худ тавонист сиёсати сулҳҷӯёнаро роҳандозӣ ва бо тадбирҳои ҳадафмандонаи хеш оромӣ сулҳу субот ва муттаҳидсозии ҷомеаро таъмин намояд. Тадбирҳои саривақтиву роҳбарии оқилона заминаи мусоиду устувори давлатдории миллӣ ва рушди сиёсиро поягузорӣ намуд, ки дар натиҷа боварӣ ва эътимоди мардум ба давлат ва ниҳодҳои он афзуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пойдор намудани сулҳу суботи воқеӣ, ваҳдати миллӣ, эҳё ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо ихлосмандиву таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, бо истифода аз арзишҳои фарҳангӣ, мероси таърихӣ, таҷрибаи давлатдории ниёгон, ҳифзи тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон хидмати бузургу шоистаро анҷом дод.

Бо ташаббуси Президенти кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёд 6 сентябри соли 1999 дар пойтахти ватанамон – шаҳри Душанбе пайкараи Исмоили Сомонӣ қомат афрохт. Ин амалкард агар аз як ҷиҳат ба хотири баланд бардоштани маънавиёти миллат бошад, аз ҷиҳати дигар ба ҷаҳониён муждае буд аз ҳастии миллати мутамаддину кӯҳанбунёди тоҷик.

Дар рушду такомули давлатдорӣ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба бузургдошти забон, адабиёту таърих, фарҳанг, эҳтироми гузаштагони пурифтихор яке аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангии Пешвои миллат маҳсуб меёбад. Мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун нишонаи муҳими ҳастии миллат дар замони соҳибитиқлолӣ хеле боло рафт. Ба хотири таҳкими худогоҳӣ ва бедор кардани ҳисси худшиносӣ ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада эҳё шуда, Наврӯз ҳамчун ҷашни умумиллӣ эълон гардид. Бо пешниҳод ва ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф намуд.

Пешвои миллат дар асари бунёдии худ “Чеҳраҳои мондагор” зикр намудаанд: “Шинохти таърих ва ҳикмату фарҳанги оламгири ниёгон ба хотири муаррифии мақоми ҷаҳонии миллати мо мебошад. Он дар худогоҳӣ ва ҷустуҷӯҳои таърихиву миллии тоҷикон марҳилаи комилан тозаро ба вуҷуд овардааст”.

Ёдбуд ва гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи фарҳангиву маънавии миллат ба монанди 680 ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1995 ,2015), 675 ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ (1996 ва 2020), 90-солагии Бобоҷон Ғафуров (1998), 1000- солагии Носири Хусрав (2003), 1025-солагии Абӯалӣ ибни Сино (2005), 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 100-солагии Мирзо Турсунзода (2011), 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (2015) ва ғ. на танҳо дар боло гирифтани ҳувият ва худшиносии миллӣ, инчунин ба ҷаҳониён шиносондани шахсияҳои барҷаставу таърихии мо нақши муҳим бозид.

Дар баробари ин Пешвои миллат ба хотири нигаҳ доштаани ҳофизаи таърихӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ шахсиятҳои барҷаста, онҳоеро, ки дар барқарорсозии Тоҷикистон саҳми босазо ва хизматҳои шоиста намудаанд қадрдонӣ намудааст. Фарзандони фарзонаи миллат Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур бо унвони олии Қаҳрамон Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, ки ин нишонаи арҷгузории Эмомалӣ Раҳмон ба ин шахсиятҳои бузурги таърихӣ мебошад. Дар самти давлатдорӣ масъалаи хотираи таърихӣ ва муносибат ба шахсиятҳои калидии давлатсозӣ яке аз самтҳои асосӣ дар рушди давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. 19 майи соли 2026 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ташриф оварда, шахсан дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд. Бозгашти хоки ин бузургони миллат ҳамчун як унсури ҳувияти миллӣ ва пояи устувори ғояи давлатдорӣ дар таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихору ҳуввияти миллӣ , эҳтирому таъриху тамаддун дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ нақши барҷаста дорад.

Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушд ва эҳёи давлатдорӣ боз дар он зоҳир мегардад, пайвандгари гузаштаву имрӯзу фардои миллат аст. Бо ибтикору ташаббусҳо марҳила ба марҳила ҷашн гирифтани санаҳои бузурги таърихӣ ва тамаддуни миллати куҳанбунёди мо , аз ҷумла 1100-солагии давлатдории Сомониён (1999), 2500-солагии Истаравшани бостонӣ (2002), Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ (2006), 2700-солагии шаҳри Кӯлоб (2006), Соли бузургдошти Имоми Аъзам (2009), 3000-солагии шаҳри Ҳисор (2015) ва 5500-солагии Саразми бостон (2020) шаҳодати эҳтиром, қадрдонӣ ва арҷгузорӣ ба миллати тамаддуновару тамаддунофари тоҷик мебошад.

Дар самти давлатдориву давлатсозӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи бештар ба бунёди роҳҳу шоҳроҳҳо, нақбҳо, раҳо кардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ зоҳир намуда, тавонист, кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун орад ва Тоҷикистонро ба давлати ягонаи дорои роҳҳои рафтуомади доимӣ табдил диҳад. “Бо ибтикори Пешвои миллат, дар маҷмуъ зиёда 31 км нақб, 2000 километр роҳҳои мошингард ва 200 пул сохта ба истифода дода шуд. Бунёди нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон” ва “Хатлон” рафтуомади мардуми минтақаи шимолро ба марказ ва ҷануби Тоҷикистон дар чор фасли сол таъмин намуд”.

Қобили қайд аст, ки асоси ташаккул ва рушду нумуи ҳар давлату миллатро соҳаи маориф ташкил медиҳад. Рушди ҷомеа, амнияти давлат бевосита ба рушди маориф вобастагӣ дорад. Пешвои муаззами миллат аз рӯзи аввали ба арсаи сиёсат қадам ниҳоданашон нисбати соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса доштанд ва доранд. “Соҳаи маориф муҳимтарин масъалаи рӯзгори мост. То даме, ки ба ислоҳоти соҳаи маориф ноил нагардем дар пешрафти фарҳангу маънавиёт самараи дилхоҳ ба даст оварда наметавонем”.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ илму маориф ва фарҳанг ба як рукни муҳимми иҷтимоӣ табдил гардида, чун ҷавҳари миллӣ эътироф гаштааст. Дар марҳалаи нави тараққиёти кишвар ба соҳаи маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад. Зеро ин соҳа дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ дорад. Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон (суханронӣ дар маҷлиси машварат бо ректрони мактабҳои олӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф, 2 июни соли 2000) қайд карда буданд: “Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам” Бо талошу пайгирӣ, ташаббусу ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ маориф соҳаи афзалиятнок эълон гардид. Ин иқдом имкон дод, ки дар ин самт дигаргуниҳои куллии бунёдӣ рӯйи кор оянд ва садҳо иншооту муассисаҳо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд. Ширкати бевоситаи Президенти кишвар дар раванди ифтитоҳи муассисаҳои тозабунёди кишвар аз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба ин соҳаи муҳими ҳаёти ҷомеа дарак медиҳад. Воқеан ҳам маориф ҳамчун пояи асосии рушду такомули миллат ва зербинои давлати миллӣ арзёбӣ шуда, такмилу рушди он зери назорати ҳамешагӣ қарор дода шудааст. Айни замон барои пешрафти маориф тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама чораҳои имконпазир андешида мешаванд.

Хулоса, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун як давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёду ягона дар арсаи байналмилалӣ мавқеъ ва нуфузи хоса касб намуд. Нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати бунёдгузори давлати миллӣ пеш аз ҳама, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, таҳкими иқтисодиёту иҷтимоиёт, эҳёи тамаддуну ҳифзи хотираи таърихӣ, рушди илму маориф, фарҳанг, соҳаҳои тандурустӣ ва варзиш, бунёди роҳу нақбҳо, берун баровардан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, боло бурдани эътибори он дар арсаи байналмилалӣ, бунёдкориву созандагӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ басе арзишманд аст. “Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокорона ва ва иқдомҳои қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва миёни ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардаанд”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати давлатдории хирадмандона, фитрати азалӣ, қудрати фарҳангсолорӣ бори гарони эҳёи ҳувияти миллиро ба дӯш гирифт ва онро ба яке аз рукнҳои асосии сиёсати давлат табдил дод. Фаъолияти гуногунҷанбаи ӯ дар ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ бесобиқа, беназир ва таърихист. Ин абармард ва фарзонафарзанди миллати тоҷик дар таърихи навини Тоҷикистон шахсияте мебошанд, ки на танҳо дар рушду ташаккули давлатдории милли тоҷик, балки баҳри эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ хизматҳои пурарзиш кардаанд. Бемуҳобо, ному кору пайкори ӯ дар саҳифаҳои таърих бо ҳуруфи заррин сабт гаштааст.

Бунафша Ғаниева, дотсенти кафедраи психология ва сотсиол

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ЭҲЁГАРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ | АИД