
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ҚОСИДИ СУЛҲ ВА НОМЗАДИ АРЗАНДА БА ҶОИЗАИ НОБЕЛӢ ДАР СОҲАИ СУЛҲ ДАР ҶАҲОН
Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик ба осонӣ муяссар нагардидааст. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ хоинону бадхоҳони миллати тоҷик фазои амнияти давлату ҳукуматро ноором сохта, кишварро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Бадбахтона, ин ҷанги бародаркуш ҷони зиёда аз 150 ҳазор мардуми Тоҷикистонро рабуда, ба иқтисодиёти кишвар беш аз 10 млрд. доллари ИМА зарари моливу пулӣ расонид. Аз таъсири манфии ҷанг бештар аҳолии осоишта зарар дида, то соли 2000-ум сатҳи камбизоатӣ ба 83% мерасид.
Даргириҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар марҳилаи аввали соҳибитсиқлолӣ натанҳо боиси марги даҳҳо ҳазор мардуми осоишта, фалаҷ шудани иқтисоди кишвар гардид, балки ояндаи мавҷудияти Ҷумҳури Тоҷикистонро ҳамчун кишвари мустақил дар харитаи сиёсии ҷаҳон зери суол мегузошт. Зеро, роҳбарияти ҳамонвақтаи олии кишвар яке аз паси дигар истеъфо медоданд. Мухолифин бинои ҳукумат, телевизиону радио ва қисми зиёди инфрасохтори муҳими давлатро муҳосира карда буданд. Ягон нафар аз шахсиятҳои машҳуру маъруф ва таҷрибадор дар соҳаи идоракунии давлатӣ ҷуръат ва ғайрату матонати ба уҳда гирифтани роҳбарии давлатро надошт.
Маҳз дар ҳамин вазъияти барои миллати тоҷик душвору ноамн ҷавони боғайрату шуҷоъ, оқилу сухандон, миллатдӯсту ватанпарвар Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, бо касби аксарияти овозҳо санаи 16 ноябри соли 1992 роҳбарии давлатро ба уҳда гирифта, бо иродаи қавӣ ва матонату далерӣ ҳамчун «наҷотбахши миллат» барои миллати тоҷик ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ қадам гузошт. Барои бартарафсозии ҳама ин нокомиҳо ва ҳалли мушкилоте, ки бар сари миллати тоҷик омада буд, Эмомалӣ Раҳмон чун ҳадяи бузурги таърих ва марҳами дарди ин миллати азияткашида ба майдони сиёсат ворид шуда, бо корномаи худ дар масири давлатдориву давлатсолорӣ барои миллат тоҷик таърихсоз шуд.
Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ Эмомалӣ Раҳмон бо боварию эътимод ва ҷуръати том чунин гуфта буданд: «Ман ё дар Тоҷикистон сулҳро барқарор менамоям, ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам». Ин фарзанди фарзонаи миллат ба ваъдаи худ дар назди халқу Ватан содиқ истода, ҳамчун сиёсатмадори барҷаста ва роҳбари хирадманди кишвар тавонист Тоҷикистонро ба яке аз дастовардҳои беназир ва арзишмандтарин дар таърихи соҳибистиқлолӣ – Ваҳдати миллӣ ноил гардонад. Пас аз ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» вазъи сиёсӣ муътадил гардида, ба татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуда, дар кишвари ҷангзадаи мо Сулҳу Ваҳдати комил ҳукмфармо гардид. Мардуми тоҷик заҳматҳо ва ҷонфидоиҳои ин марди ҷасурро ба инобат гирифта ба вай аз 25-уми декабри соли 2015 унвони фахрии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатро сазовор донистанд.
Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистонро дар сар то сари ҷаҳон муҳаққиқону коршиносони соҳаи сиёсат меомӯзанд. Саҳми Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар заминагузории сулҳ дар Тоҷикистон, балки дар аксар кишварҳои ҷаҳон назаррас аст.
Бояд қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то соли 2026 дар сатҳи байналмилалӣ ба даҳҳо ҷоизаву орден ва унвонҳои фахрӣ сазовор гардидааст, ки яке аз намоёнтарини онҳо унвони фахрии «Пешвои асри ХХI» аст, ки соли 2011 аз ҷониби Шурои Аврупо та Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд. Дар маросими ба унвони «Пешвои асри ХХI» сазовор донистани Пешвои миллати тоҷик, Президенти Шурои робитаҳои байналмилалии Иттиҳоди Аврупо Антон Канҷар шахсияти Пешвои миллатро чунин тавсиф карда буданд: «...Мо ҳамагон, дӯстони башарият, пайи суроғи шахсиятҳои фарзонае ҳастем, ки қарни моро дигаргун сохта, бо амал, идрок ва нерӯи ҳастии худ суботи ҷаҳонро барои мову шумо таъмин мекунад. Мо ба он мақсад омадем, то ба Пешвои асри ХХI, ба марде, ки дар замони низоъу ҷанги шаҳрвандӣ роҳи сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро барои кишвараш интихоб кард, марде, ки дар замони таназзулу буҳрон пешрафту шукуфоии мамлакаташро таъмин кард. Марде, ки дар ҳамдастӣ ва ҳамзистӣ бо мардуми худ дар кори эҷоди ояндаи неки кишвар, минтақа, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва инсоният талошҳои хастанопазир меварзад, изҳори қадрдонӣ кунем. Ин шахс Президент Эмомалӣ Раҳмон аст».
Ташаббусҳои Пешвои миллат дар сатҳи байналмилалию минтақавӣ дар самти сулҳу амният зиёданд. Санаи 31 марти соли 2025 бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷуиҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд созишномаи таърихӣ дар хусуси сарҳадҳои се давлат ва эъломияи Хуҷанд доир ба «Дӯстии абадӣ» ба имзо расид, ки масоили сарҳадии миёни се давлати ҳамсоя - Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ҳалли ниҳоии худро пайдо карданд. Ба ин муносибат санаи 21 декабри ҳамин сол дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ба Президенти Ҷуиҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой супорида шуд.
Боиси сарфарозист, ки санаи 25 июни соли 2026 ташаббуси нави Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷуиҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути қатъномаи махсуси Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036», қабул карда шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ин ташаббус аз ҷониби роҳбари давлат аввалин маротиба дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид санаи 24 сентябри соли 2024 ва бори дуввум дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод, ки дар шаҳри Ашқободи Туркменистон доир гардид, пешниҳод гардида буд.
Бо дарназардошти ҳамаи ин гуфтаҳо, шоиста ва боиси ифтихор хоҳад шуд, агар бо назардошти корномаи сулҳофарӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои «Мусоидат дар пойдор намудани сулҳ дар сар то сари ҷаҳон», ки яке аз панҷ банди Васиятномаи Алфред Нобел маҳсуб меёбад, ба Академияи илмҳои Шоҳигарии Шведсия, Асамблеяи Нобелии институти Каролин ва Кумитаи нобелии Норвегия ҷиҳати сазовор гардидан ба Ҷоизаи Нобелӣ пешбарӣ карда шавад.
Фатҳуллозода Абдухолиқ Фатҳулло, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, дотсенти кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
