
ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАК - ОМИЛИ АСОСИИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА
Ҳар сол 1-уми июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун рӯзи байналмилалии кӯдакон таҷлил мегардад. Ин сана на танҳо иди кӯдакон, балки рӯзи меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ ба насли оянда мебошад.
Кӯдакон неъмати бебаҳо, сармояи асосии инсонӣ ва ояндаи имрӯзу фардои ҳар як оила ва миллат ебошанд. Ғамхорӣ нисбат ба онҳо, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқҳояшон вазифаи аввалиндараҷаи фард, оила, ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад, ва маҳз аз ҳамин сабаб масъалаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак на танҳо як мавзӯи ахлоқӣ, балки уҳдадории ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ гардидааст. Дар ҳар ҷомеаи мутамаддину ҳуқуқбунёд кӯдак ба сифати субъекти махсуси ҳуқуқ баромад намуда, дорои ҳуқуқҳои кафолатноки худ мебошад, зеро ӯ то давраи ба балоғат расидан ба ғамхорӣ ва дастгирии волидайн, ҷомеа ва давлат эҳтиёҷ дорад. Дар миёни табақаҳои осебпазир ва ба ҳимоя эҳтиёҷманди ҷомеа маҳз кӯдакон дар ҷойи аввал меистанд, зеро онҳо аз сабаби синну сол ва нокифоягии таҷриба наметавонанд ҳуқуқҳои худро мустақилона пурра ҳимоя кунанд. Аз ин рӯ, ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳам дар сатҳи миллӣ системаи махсуси ҳуқуқӣ ва институтсионалии ҳифзи кӯдак ташаккул дода шудааст, ки рукнҳои асосии онро дар поён баррасӣ менамоем.
Имрӯз давлату ҷомеа барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Бунёди муассисаҳои замонавии таълиму тарбия, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди истеъдод ва дастгирии кӯдакон далели равшани ғамхорӣ нисбат ба насли наврас аст.
Мо, кормандони соҳаи маориф, масъулияти бузург дорем. Зеро маҳз дар кӯдакистон ва мактаб нахустин қадамҳои маърифат, одоб, дӯстӣ ва ватандӯстӣ дар қалби кӯдак ҷой мегиранд. Ҳар сухани нек, ҳар лаҳзаи меҳрубонӣ ва ҳар дарси одоб метавонад дар ташаккули шахсияти кӯдак нақши муҳим бозад.
Заминаи асосии ҳуқуқии байналмилалӣ дар ин самт соли 1989 гузошта шуд, ҳангоме ки Созмони Милали Муттаҳид муҳимтарин ҳуҷҷатро - Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд. Ин санад 2 сентябри соли 1990 эътибори қонунӣ пайдо кард.
Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ эълон намуд. Кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва яке аз нахустин давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 26 октябри соли 1993 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонид, ки он 26 ноябри ҳамон сол дар ҷумҳурӣ эътибори қонунӣ пайдо кард. Ин қадами таърихӣ нишон дод, ки давлати ҷавони соҳибистиқлол ҳанӯз дар солҳои нахустини мустақилият, сарфи назар аз мушкилоти он давра, омодагии худро барои риояи арзишҳои умумибашарӣ ва ҳимояи наслҳои оянда нишон додааст.
Дар баробари заминаи қонунгузорӣ бояд таъкид кард, ки барои Тоҷикистон масъалаи кӯдакон аҳамияти махсуси демографӣ дорад.
Қабули қонунҳо танҳо як қадами аввал аст, зеро муҳим он аст, ки барои татбиқи онҳо мақомоти масъул ва механизмҳои амалкунанда вуҷуд дошта бошанд.
Ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва ин мавқеъ борҳо аз ҷониби роҳбарияти олии давлат таъкид шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти саломатии насли наврасро таъкид намуда, гуфтаанд, ки «барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ҳифзи модару кӯдакро яке аз вазифаҳои муҳими давлат эътироф менамояд.
Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, марказҳои инкишофи кӯдак, майдончаҳои варзишӣ ва фароғатӣ, инчунин рушди низоми хизматрасонии тиббӣ барои кӯдакон аз ҷумлаи чунин тадбирҳо ба ҳисоб мераванд.
Таваҷҷуҳи махсус ба кӯдакони имконияташон маҳдуд низ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ мебошад. Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таълимӣ, иштироки онҳо дар озмуну маҳфилҳои эҷодӣ ва варзишӣ, рушди технологияҳои муосири таълимӣ ва дастгирии кӯдакони соҳибистеъдод далели равшани таваҷҷуҳи давлат ба ояндаи насли наврас мебошад.
Бешубҳа, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон танҳо вазифаи давлат набуда, масъулияти ҷомеа ва ҳар як фарди солимфикр низ ба шумор меравад.
Зеро тарбияи кӯдаки босавод, худшинос ва ватандӯст заминаи асосии пешрафти давлат ва ояндаи дурахшони миллат маҳсуб меёбад.
Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак танҳо вазифаи давлат нест, балки масъулияти ҳар як инсон мебошад. Агар мо хоҳем ҷомеаи солиму пешрафта дошта бошем, бояд ба кӯдакон диққати ҷиддӣ диҳем ва ҳуқуқи онҳоро эҳтиром намоем.
Дар охир метавон гуфт, ки кӯдакон ояндаи миллатанд. Ҳифзи онҳо ҳифзи ояндаи давлат ва ҷомеа мебошад. Биёед ҳама якҷоя барои зиндагии хушбахтона ва ояндаи дурахшони кӯдакон саҳмгузор бошем.
Олимзода Маҳбуба Олим, донишҷӯи курси 1, ихтисоси хуқуқшиносии Академия
