АсосӣМақолаҳоИСТИҚЛОЛИЯТ - КАФИЛИ БАҚОИ ДАВЛАТ ВА САОДАТИ НАСЛҲОИ ОЯНДА
Бозгашт ба рӯйхати мақолаҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ - КАФИЛИ БАҚОИ ДАВЛАТ ВА САОДАТИ НАСЛҲОИ ОЯНДА

ИСТИҚЛОЛИЯТ - КАФИЛИ БАҚОИ ДАВЛАТ ВА САОДАТИ НАСЛҲОИ ОЯНДА

2026-06-05

Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми сарбаланди мо ба даст омад, дар назди мо вазифаи бисёр пурмасъули таърихӣ ва дар айни замон басо пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгу ба манфиатҳои халқи кишвар ва Истиқлолу озодӣ муқаддастарину азизтарин неъмат ва бузургтарину арзишмандтарин сарват барои ҳар як миллат ва халқ мебошад. Бинобар ин, мо бояд шукронаи неъмати бебаҳоро ба ҷо оварем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат бузургтарин дастоварду арзишест, ки бо он на танҳо сарнавишти давлат, балки ояндаи наслҳои минбаъда низ пайвандӣ дорад. Миллати тоҷик, ки таърихи қадимаи давлатдорӣ ва фарҳанги бою ғанӣ дорад, бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ тавонист рӯйи саҳифаи навро дар китоби таърихи худ боз намояд. Ҳамчунин, истиқлол волотарин, гаронарзиштарин неъмат ва дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бебаҳо баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз фароҳам овард.

Истиқлолият зиндагии мо - мардуми тоҷикро ба манзараи рангорангу дилфиреб ва Ватани азизамонро ба як макони биҳиштосо ва мавзеи дилфиреби сайёҳони хориҷӣ табдил дод. То имрӯз дар муддати 35 соли истиқлолият сарзамини бузурги мо дар тамоми самтҳо аз қабили илму маориф, санъату фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт ва соҳаҳо ба пешравиҳои зиёду назаррас ноил гардид.

Воқеан, истиқлол воситаи асосии рушду нумуи давлат ва муайянкунандаи сиёсати дохилию хориҷии ҳар як кишвар аст. Истиқлол нишони ҳувият, ифтихор, номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат мебошад. Дар баробари ин, истиқлол дар назди халқи тоҷик рисолати бузургеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Мусаллам аст, ки имрӯзҳо шукуҳу шаҳомат меҳру муҳаббати инсонӣ, русурхию матонату иродаи қавӣ, саъю кушиш ва саодатмандию хуррамии мардуми сарбаланди мутамаддини тоҷик, меҳвари хурдро дар пойдории сулҳу саодати бепоён таҷассум намуда меболанд.

Воқеан ҳам имрӯзҳо бо роҳнамоиҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо баракати соҳибистиқлол гардидани ватани азизу маҳбубамон ба чунин натиҷаҳои таърихӣ ноил гардидаем.

Истиқлолият чун рамзи озодию ягонагӣ ба мо тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, он чун хуршеди дурахшон роҳи ояндаи моро нуру зиё бахшид ва баҳри амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои накӯ нерӯи тозаро эҳдо сохт.

Чуноне ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд:

«Истиқлолият ин рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад». Албатта қайд кардан ба маврид аст, ки заковати азалии Роҳбари давлат сабаб гардид, ки имрӯз бо пайки ин неъмати бебаҳо кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун қавми бузург эътироф мекунанду ба тамоми дастовард ва фарҳангу тамаддуни гузаштаи мо арҷ мегузоранд. Месазад мо мардуми тоҷик шукргузор аз ин ватани биҳишосо ва намунаи барҷастаи дигар давлатҳо дошта бошем ва онро чун гаҳвараки чашм ҳифз намоем. Ҳифз ва қадршиносии истиқлол, истифодаи оқилонаи он дар роҳи рушди устувор ва созандагии ҷомеа вазифаи на танҳо давлат, балки тамоми шаҳрвандон мебошад. Зеро истиқлолият кафили бақои давлат ва саодати наслҳои оянда аст.

“Ватандӯстӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан бахти аз он болотар аст”. Ин аст таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарафманди тоҷик.

Аз ин рӯ, бояд шукргузор бошем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро ато намудааст ва он шабеҳи биҳишт аст. Алалхусус, ҳар як фард ва ҷавонони тоҷикро зарур аст, ки пайрави Сарвари худ бошанд, сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳар як ҳаракати номатлуби пешомадаро пешгирӣ карда, барои ободию пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

Ҳумайро Саидова, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Академия

ИСТИҚЛОЛИЯТ - КАФИЛИ БАҚОИ ДАВЛАТ ВА САОДАТИ НАСЛҲОИ ОЯНДА | АИД