АсосӣМақолаҳоИСТИҚЛОЛИЯТ – ВАСИЛАИ АСОСИИ СУБОТИ СИЁСӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ
Бозгашт ба рӯйхати мақолаҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ – ВАСИЛАИ АСОСИИ СУБОТИ СИЁСӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

ИСТИҚЛОЛИЯТ – ВАСИЛАИ АСОСИИ СУБОТИ СИЁСӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

2026-06-02

(ба истиқболи 35-солагии ҷашни Истиқлоли давлатӣ)

Истиқлолият падидаи беназирест, ки дар таърихи башарият нақши бузург бозидааст. Барои миллатҳое, ки солҳо ва асрҳо зери ситами бегонагон истисмор мегардиданду азият мекашиданд, истиқлолият на фақат озодии сиёсӣ дод, балки дар барқарории рӯҳия ва ифтихори миллии онҳо нақши муассир гузошт. Тоҷикон миллате ҳастанд, ки бо такя ба фарҳанги куҳан, забони ширин ва иродаи миллии устувор ва бо ғуруру сарбаландӣ роҳи расидан ба истиқлолро пеш гирифтанд. Дар натиҷа миллати тоҷик 9–уми сентябри соли 1991 ба истиқлоли давлатӣ расид, ки ин дар таърихи миллати тоҷик дастоварди беназир буд.

Дар ин мақола мо кӯшидем, ки нақши истиқлолиятро ҳамчун пояи асосии субот ва омили пурқуввати таҳкими ҳувияти миллӣ баррасӣ намоем. Ин ду мафҳум дар якҷоягӣ барои миллату давлатҳо як қудрати бузургро ба бор меоварад. Ин мафҳумҳоро мо бояд аз ҳам ҷудо накунем. Дар ҳар давлате, ки истиқлолият воқеӣ аст, ҳувияти миллӣ зинда аст, ҳар ҷое ки, ҳувияти миллӣ устувор аст, субот ва оромиш вуҷуд дорад.

Субот дар арсаи байналмилалӣ ин танҳо ором мондани тартиботи зоҳирӣ нест, балки устувории дохилии сохтори давлат ва ризоияти шаҳрвандон аз низоми идоракунии кишвар низ мебошад. Пажӯҳишгарон ва сиёсатшиносон аз ҷумла Самуэл Ҳангтингтон исбот кардаанд, ки давлатҳое, ки истиқлолияти худро аз рӯйи иродаи миллат ба даст овардаанд, имкони бештаре барои бунёди ниҳодҳои мустаҳкам ва ташаккули ҳуқуқи шаҳрвандӣ доранд.

Ҳувияти миллӣ бошад, ин маҷмӯи арзишҳо, анъанаҳо, урфу одатҳо, забон, фарҳанг ва таърихи миллатҳо мебошад. Ҳувияти миллӣ ин иродаи умумии миллат мебошад, ки маънояш чунин аст: “Мо ки ҳастем? Аз куҷо омадаем?” Яъне миллат дар масири таърихӣ аз куҷо сарчашма гирифтанашро медонад. Бидуни истиқлолият ҳувият дар зери фишорҳои мухталиф ба коми ноумедӣ меравад ва ё аз байн меравад. Истиқлолияти воқеии давлат ба ҳувият фазои рушду инкишофро фароҳам меоварад. Тавассути фазои комили истиқлоли давлатӣ забони миллат расмӣ гашта, таърихи миллат дар мактабу донишгоҳҳо дарс гуфта мешавад, суннатҳо ва анъанаҳо дар ҷашнҳои давлатӣ эҳё мегарданд. Барои миллати тоҷик, ки дорандаи яке аз қадимтарин тамаддунҳои ҷаҳон аст ва забонаш ганҷинаи осори Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Абуалӣ Ибни Сино, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозиро фаро мегирад, ки нишондаҳандаи он аст, ки беҳтарин осори адабӣ ва тамаддунӣ дар рӯйи ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Истиқлолият базургӣ ва шукӯҳи гузаштагонро дар замони навин эҳё менамояд. Имрӯз миллати тоҷик дар давлати мустақили хеш бо забони модарии худ ҳарф мезананд, таҳсил мекунанд, эҷод менамоянд ва давлати худро мустақилона идора менамоянд, ки ин бузургтарин дастоварди замони истиқлолият мебошад. Истиқлолият барои ҳар як афроди миллат нангу ор, шарафу иззат ва роҳи озодию мустақилият аст. Бидуни истиқлолият ҳеҷ фарҳанги миллӣ, ҳеҷ таъриху тамаддун ва ҳеҷ миллате побарҷо нахоҳад буд. Маҳз тавассути истиқлол, миллату халқиятҳо аз ҳастии худ аз тамаддуну фарҳанги худ муҳофизат менамоянд. Истиқлолият сарвати бебаҳо, ганҷинаи ноёб ва арзиши муқаддас мебошад.

Давлате, ки истиқлолияти воқеӣ дорад, метавонад самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян намояд. Сиёсати иқтисодии мустақил таҳия намуда, дар муносибатҳои байналмилалӣ бо дигар субъектҳои низоми муносибатҳои байналмилалӣ баробарҳуқуқ мегардад. Манфиатҳои миллии худро ҳифз намуда, дар дили шаҳрвандони хеш умед ва боварӣ бахшад. Умед ва боварии шаҳрвандон нисбати давлат омили муҳими амнияту субот мебошад, зеро мардуме, ки ба ояндаи давлаташон боварӣ доранд дар роҳи созандагиву пешрафти он қадамҳои устувор мегузоранд. Давлати абарқудрат ва тавоно ҳамон давлатест ки дар навбати аввал ризоияти бошандагони худро ба даст оварда тавонад. Зеро розигии шаҳрвандон ва мутаҳид гаштани онҳо дар зери сиёсати давлатӣ ба давлат неру ва қудрати бузург мебахшад.

Истиқлолият ҳамчун чаҳорчубаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба давлат имкон медиҳад, ки сиёсати фарҳангию омӯзиширо дар хидмати таҳкими ҳувияти миллӣ татбиқ намояд. Давлат бояд тавассути низоми маориф насли наврасро бо фарҳанг, забон ва таърихи кишвар ошно созад. Давлат метавонад тавассути расонаҳои миллӣ адабиёт, фарҳанг, санъат арзишҳои умумихалқиро дар зеҳни мардум махсусан ҷавонон ҷой намояд. Ин ҳама иқдомҳои давлат дар натиҷа ба пайдо гардидани шаҳрванди масъулиятшинос, худогоҳу худшинос ва ватандӯстдор оварда мерасонад, ки чунин шаҳрванд омили асосии суботи сиёсӣ дар ҷомеа мегардад. Айни замон давлати мустақил масъули нигаҳдории тавозуни миёни арзишҳои миллӣ ва ниёзҳои ҷаҳони муосир аст. Ин мувозинатро бо нигоҳ доштани ҳувияти хос ва дар як вақт омода будану қабул кардани дастовардҳои тамаддуни инсонӣ дар замони нав мебошад. Чунин мувозинатро нигоҳ дошта тавонистан вазифаи мушкили давлатдории навин аст, вале дуруст идора кардани ин ҳолат бисёр ба манфиат аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин роҳ бо ифтихор қадам мегузорад, зеро забони форсии тоҷикӣ эҳё шудааст, арзишҳои суннатӣ ҳифз мегарданд ва дар баробари ҳамаи ин, давлат дар самти рушд навоварӣ пеш рафта истодааст.

Хулоса, истиқлолият замина ва василаи асосии суботи сиёсӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ буда ба миллат роҳи рушду инкишофро дар тамоми сатҳу соҳаҳо пешниҳода менамояд. Истиқлолият ин танҳо озодӣ набуда, балки дарёфти худ, баргаштан ба решаҳои гузаштаи худ ва бунёди ояндаи худ ба дасти худ мебошад. Дар замоне, ки ҷаҳони муосир ба мушкилиҳои гуногун рӯ ба рӯ мегардад, давлатҳое ки ҳувияти баланди миллӣ доранд мушкилиҳои пешомадаро якҷо бо ҷомеа бо осонӣ ҳал менамоянд. Тоҷикистон дар ин роҳ намунаи олии давлатҳои соҳибфарҳанг мебошад. Миллате, ки аз дили таърихи пурифтихор ба субҳи истиқлолият расид, акнун бо ифтихор дар сафи давлатҳои соҳибтамаддуну соҳибмаданияти олам ҷой дорад. Истиқлолият барои миллати тоҷик на поёни роҳ, балки оғози сафари шукуҳманде буд, ки дар ҳар қадам арзишу маънои хосаро касб намудааст. Пас то замоне, ки ба истиқлолият эҳтиром гузошта мешавад, забон зинда аст, фарҳанг шукуфон аст, миллат дар субот аст ҳувияти он боқию устувор хоҳад буд. Дар ниҳоят, истиқлолият чун офтобе, ки нури он аз ягонагии миллат талӯъ менамояд, фазои давлатро гарм менамояд ва насли ояндаро дар руҳияи баланди инсоният тарбият менамояд.

Шамсиддин Нуруллоев, ассистенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи Академия

ИСТИҚЛОЛИЯТ – ВАСИЛАИ АСОСИИ СУБОТИ СИЁСӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ | АИД