АсосӣМақолаҳоХУДШИНОСӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН
Бозгашт ба рӯйхати мақолаҳо
ХУДШИНОСӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

ХУДШИНОСӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

2026-06-05

«Шумо, муҳтарам омӯзгорон, ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки рисолати муқаддаси тарбияи инсон ва ташаккулдиҳии шахсиятро ба дӯш доред, ба фарзандони мардуми Тоҷикистон саводу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар, ҳувияти миллӣ ва худшиносӣ меомӯзонед».

Эмомалӣ Раҳмон

«Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест!» - Ин хитоби сода, вале дар айни замон ҷиддӣ, аз қаъри асрҳо ба гӯши мо мерасад ва ҳушдор медиҳад, ки аз таъриху миллат, сарзамин, расму ойин ва фарҳанги худ ҳамеша воқиф бошем. Воқеан, таърихро хотираи миллат меноманд. Пас, ҳар фарде бидуни омӯзиши таърихи кишвари худ наметавонад аслу насаб, ҳувият ва маърифати миллии худро пойдор нигоҳ дорад. Инсон аз решаи худ дур ё канда шуда, ба вартаи гумномӣ ва фано қадам мениҳад ва ба таъбири имрӯзӣ ба «манқурт» табдил меёбад.

Яъне, агар инсон таърихи гузаштаи худро надонад, табиист, ки аз асли худ, роҳи тайкардаи гузаштагон, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ноогоҳ мемонад ва ҳамчун мавҷуде одамсурат, вале бепарво, бемасъулият ва бенишон умр ба сар мебарад. Ин бадбахтии бузург аст. Охир, инсон чӣ гуна метавонад худро соҳибмаърифат шуморад, агар аз хотираи гузашта маҳрум ва аз ғами фардо фориғ бошад?

Агар чунин фоҷиа давлат, миллат ё қавмеро фаро гирад, паёмадҳои он боз ҳам сангинтар хоҳанд буд. Таърих гувоҳ аст, ки бар асари бетаваҷҷуҳӣ ба гузаштаи хеш қисме аз давлатҳо ва миллатҳои абарқудрат пароканда гардида, забон, фарҳанг ва расму ойини худро аз даст додаанд.

Худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ аз огоҳӣ доштан ба таърихи халқи худ ва шинохти корномаи фарзандони барӯманде сарчашма мегирад, ки барои озодӣ, истиқлол ва таҳкими давлатдории миллӣ ҷоннисорӣ кардаанд.

Аз ҷумла, китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров, ки нахустин бор соли 1949 бо номи «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» дар ду ҷилд ба нашр расида буд, барои шинохти таърихи миллат нақши бузург дорад. Тавассути ин асар мо ба саволҳои муҳим, аз қабили: аҷдоди мо киҳо буданд, аз куҷо сарчашма гирифтаанд, чӣ гуна давлатдорӣ кардаанд, чӣ тавр ба қуллаҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ расидаанд ва дар таърихи башарият чӣ мақом доранд, ҷавобҳои муфассал меёбем.

Миллати тоҷик аз нигоҳи таърих миллати сулҳхоҳ, фарҳангпарвар ва созанда ба ҳисоб меравад. Ин миллат барои наслҳои оянда мероси гаронбаҳо ва муқаддас — сулҳу ваҳдатро ба ёдгор гузоштааст.

Чунонки ҳамагон медонем, ваҳдату ягонагӣ пойдевори ҳастии миллат мебошад. Ҳарчанд миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо ба парокандагӣ ва сарсониҳои зиёд рӯ ба рӯ гардидааст, вале ҳамеша ба ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу субот арҷ гузоштааст. Ин хислати нек яке аз муҳимтарин арзишҳои созандаи миллати тоҷик маҳсуб меёбад.

Ҳамагон дар ёд дорем, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ гурӯҳҳои тундгаро ва бадхоҳони миллат Тоҷикистони азизро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Ин ҷанги фоҷиабор боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳ гардида, ба иқтисод, фарҳанг ва зиндагии мардум зарари ҷуброннопазир расонд.

Дар яке аз суханрониҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд: «Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд».

Дар ҳақиқат, оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои кишвари мо талафоти бузурги моддиву маънавӣ ба бор овард ва рафъи пурраи он солҳои зиёдеро талаб кард. Бо вуҷуди ин, миллати сарбаланди тоҷик тавонист бо иродаи қавӣ, сулҳу субот, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмиро барқарор намояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Воқеан, агар мо аз дидгоҳи имрӯз ба рӯйдоду ҳодисоти рӯзҳои аввали истиқлолияти Ватанамон назар афканем, Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ сароғози таърихи навини мо ба шумор меравад, зеро он ба марҳалаи таҳкими истиқлолияти миллӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ ва сарҷамъии миллат заминаи устувор гузошт».

Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки аз хатову иштибоҳҳои гузашта сабақ гирифта, ба такрори онҳо роҳ надиҳем. Мо бояд ба ояндаи миллат бо назари нек нигарем, боз ҳам муттаҳид бошем, ба рамзҳои давлатдории миллӣ эҳтиром гузорем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, барои ҳифзи сулҳу суботи пойдор талош намоем ва дар таҳким ва пойдории давлатдории миллии худ саҳми арзанда гузорем.

Гулсум Бахтирзода, сардори шуъбаи таҳсилоти хизматчиёни давлатӣ

ХУДШИНОСӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН | АИД