
КИТОБ – РАВШАНГАРИ ОЛАМИ МАОНӢ
Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,
Ин ду қувват эътибори миллат аст.
Китоб монанди хуршед равшангару нурбахши олами маъност.
Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан бо иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе Китобхонаи миллии бошукуҳ бунёд гардид ва дарҳои худро ба рӯи дӯстдорони илму маърифат боз намуд. Ин иқдоми нек барои мо – ҷавонони хушбахти даврони истиқлолият туҳфаи беназири таърихӣ маҳсуб меёбад.
Мехоҳам дар ин навишта роҷеъ ба фазилатҳои китоб ва нақши китобхона дар ҳаёти гузаштагони бузурги миллатамон чанд андеша баён намоям.
Хонандагони азиз!
Бузургон гуфтаанд: «Хонаи бе китоб мисли рӯзи бе офтоб аст». Дар ҳақиқат, агар рӯзе офтоб нурафшон набошад ё дар фасли ҳосилрасӣ тулӯъ накунад, меваҳои дарахтон хому талх ва ғайрихӯрданӣ мегарданд.
Ин маънои онро дорад, ки дар ҳар хона, ҷомеа ё давлате, ки китобу китобхона мавқеи арзанда надорад, ҷавонони он ҷомеа низ мисли меваҳои норасида хому камтаҷриба мемонанд.
Бояд қайд намуд, ки ҷавонон дар ҳар асру замон дар ҷомеа нақши ҳалкунанда ва тақдирсоз доранд. Ба ибораи дигар, онҳо ба баҳри бузурге монанданд, ки метавон аз он боғу бӯстонҳо обёрӣ намуд ва ё баръакс, агар дуруст истифода нашавад, сарзаминҳоро ба биёбон табдил дод. Аз ин рӯ, ҷавонон дар ҷомеаи муосир метавонанд ҳам нақши созанда ва ҳам нақши сӯзандаро иҷро намоянд.
Пас, агар мо ҷавононро ба китобхонӣ ва китобхона ҷалб намоем, онҳо ҳамчун қувваи созандаи ҷомеа ба камол мерасанд. Зеро китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи хирад, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни башарӣ, оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст.
Дар воқеъ, агар имрӯз ҷавонони мо дар хона ё китобхона ба мутолиаи китоб машғул шаванд, метавон бо боварии комил гуфт, ки онҳо бо андешаҳои нав ва афкори созандаву бунёдкоронаи худ фардои дурахшони Ватанро месозанд.
Мутолиаи китоб барои ҷавонон ба антивирус шабоҳат дорад. Чунонки маълум аст, барои муҳофизати компютер аз вирусҳои зараровар онро бо барномаҳои махсуси муҳофизатӣ таъмин мекунанд.
Ҳамин тавр, дониш ва маърифате, ки инсон аз китоб меомӯзад, мисли як антивируси пурқувват мебошад. Он метавонад ҷавононро аз таъсири ғояҳои ифротӣ, ақидаҳои бегона ва таблиғоти харобиовар эмин нигоҳ дорад ва онҳоро дар роҳи дуруст ҳидоят намояд.
Имрӯзҳо, дар замони муосир, ки техника ва технология ба сатҳи хеле баланд расидаанд, мо метавонем бо пахши як тугма аз китобхонаҳои электронӣ, хабарҳои ҷаҳон ва рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва варзишии сайёра огоҳ шавем.
Бо вуҷуди ин, интернет натавонист ҷойгоҳ ва арзиши китобу китобхонаро коҳиш диҳад.
Одатан дар ҳар давру замон падидаҳои нав ҷойгоҳи падидаҳои кӯҳнаро тағйир медиҳанд. Аммо дар мавриди китоб чунин нест. Барои исботи ин фикр метавон чунин мисол овард.
Имрӯз компютер нисбат ба инсон миллионҳо маротиба зудтар ва дақиқтар масъалаҳои мураккаби математикӣ ва физикиро ҳал мекунад. Аммо вақте суол ба миён меояд, ки кадомаш бузургтар аст — инсон ё компютер, ҳама инсонро бартарӣ медиҳанд. Зеро компютер, бо вуҷуди тамоми имкониятҳояш, маҳсули тафаккури инсон мебошад.
Ҳамин тавр, интернет низ бо тамоми бузургӣ ва фарогирии худ маҳсули андешаи инсон аст. Вале худи тафаккури инсон аз китобхонӣ ва донишандӯзӣ сарчашма мегирад.
Бартарии дигари китоб дар он аст, ки инсон метавонад соатҳои зиёд ба мутолиаи он машғул шавад, бе он ки зуд хаста гардад. Аммо истифодаи тӯлонии компютер ва дигар воситаҳои электронӣ метавонад боиси хастагии чашм ва коҳиши диққат гардад.
Ҳамчунин, имрӯз на ҳамаи ҷавонон фарҳанги дурусти истифодаи интернетро медонанд. Бархе аз онҳо ба ҷойи истифодаи судманд аз имкониятҳои он, вақти худро барои дидани маводи ғайриахлоқӣ ва беҳуда сарф мекунанд. Дар чунин ҳолат интернет барои ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:
«Дар чунин шароит ва дар замоне, ки таблиғи аъмоли зишт ва ба фарҳанги миллии мо бегона аз тариқи воситаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ ва барномаҳои телевизионии хориҷӣ афзоиш ёфтааст, мо бояд тарбияи ахлоқиро дар навбати аввал қарор диҳем».
Дар ҳамин замина бояд гуфт, ки интернет дар баъзе мавридҳо ҷавононро ба осонкорӣ ва танбалӣ одат медиҳад. Масалан, вақте ба донишҷӯ барои навиштани реферат супориш дода мешавад, баъзан ӯ танҳо мавзуъро дар интернет ҷустуҷӯ намуда, матни омодаро пешниҳод мекунад. Дар чунин ҳолат донишҷӯ на танҳо омӯзгор, балки пеш аз ҳама худро фиреб медиҳад.
Аммо агар донишҷӯ мустақилона китоб мутолиа намояд, дониш ва ҷаҳонбинии ӯ ғанӣ мегардад. Он дониш дар хотираи ӯ мисли нақше, ки бар санг ҳаккокӣ шудааст, устувор боқӣ мемонад.
Бо вуҷуди ин, гуфтанӣ нестем, ки интернет падидаи манфист. Баръакс, имрӯз барои ҳар як ҷавони даврони истиқлолият зарур аст, ки истифодаи технологияҳои муосирро омӯзад. Аммо ин истифода бояд оқилона, мақсаднок ва судманд бошад.
Дар ҳамин замина мехоҳам чанд мисол аз зиндагии бузургони миллатамон оварам, то барои ҷавонон намунаи ибрат бошад.
Аз қадимулайём бузургони мо ба китобу китобхона муҳаббати беандоза доштанд. Маҳз ҳамин муҳаббат онҳоро соҳиби шуҳрати ҷаҳонӣ ва зиндагии ҷовидона гардонидааст.
Ривоят мекунанд, ки вақте Абӯалӣ ибни Сино подшоҳ Нӯҳ ибни Мансурро табобат намуд ва ӯ шифо ёфт, подшоҳ аз Ибни Сино пурсид, ки ҳамчун подош чӣ мехоҳад.
Ҳама гумон доштанд, ки ӯ сарвату мол талаб мекунад. Аммо Ибни Сино хоҳиш намуд, ки ба китобхонаи бузурги дарбор — «Хазоин-ул-улум» роҳ ёбад.
Подшоҳ хоҳиши ӯро пазируфт ва ҳамин китобхона дар ташаккули шахсияти илмии Ибни Сино нақши ҳалкунанда бозид.
Китобхона барои ӯ ба хонаи дуюм табдил ёфт. Ӯ солҳои зиёд ба мутолиа машғул шуда, ба яке аз бузургтарин нобиғаҳои башарият мубаддал гардид.
Таърихнависон менависанд, ки Ибни Сино баъзан ҳангоми мутолиа дар назди китобҳо хоб мерафт ва баъзе масъалаҳои мураккаби илмиро ҳатто дар хоб ҳал мекард.
Ин воқеаҳо нишон медиҳанд, ки бузургони мо ба китоб ва китобхона чӣ қадар эҳтиром ва муҳаббат доштанд.
Шайх Саъдии Шерозӣ низ ҳангоми таҳсил дар мадрасаи Низомияи Бағдод шабу рӯз ба мутолиа машғул буд. Ӯ он шабҳои илмандӯзиро ба шаби Қадр монанд карда, чунин гуфтааст:
Маро дар Низомия идрор буд,
Шабу рӯз таҳлилу такрор буд.
Қазо рӯзгоре зи ман даррабуд,
Ҳар он соати ӯ шаби Қадр буд.
Хулоса, мо ҷавонон бояд аз зиндагии чунин бузургон ибрат гирем ва аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату ҳукумат самаранок истифода намоем.
Имрӯз Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо имкониятҳои васеъ, миллионҳо китоб ва дастрасӣ ба шабакаҳои иттилоотӣ дари худро ба рӯи ҷавонон боз намудааст. Мо бояд аз ин шароити мусоид ба таври шоиста истифода барем.
Ман бо боварии комил мегӯям, ки агар мо аз имкониятҳои китобхона дуруст истифода намоем, дар ояндаи наздик боз нобиғаҳое чун Абӯалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Саъдии Шерозӣ ба камол мерасанд ва ҷаҳониён боз аз истеъдоду дониши фарзандони ин миллат ба ҳайрат меоянд.
Дар охир ҳамаи ҷавонони хушбахти даврони истиқлолро даъват менамоям, ки шиори «Биёед ба китобхона равем!»-ро миёни ҳамсолони худ тарғиб намуда, китобхонаро ба хонаи дуюми худ табдил диҳанд.
Зеро бузургон гуфтаанд:
Китоб сарчашмаи дарёи ақл аст.
Ин буд чанд андешаи кӯчак роҷеъ ба фазилатҳои китобу китобхона. Боқӣ қазоват аз шумост.
Нурзода Ҷалолуддин, директори Пажӯҳишгоҳи идораи давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
