
ПЕШГИРИИ НАШЪАМАНДӢ ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР ҶОМЕА
Нафсу шайтон мебаранд аз роҳ туро,
То биандозанд андар чаҳ туро.
Фаридуддини Аттор
Тавре ки Фаридуддини Аттор фармудааст, кору кирдори ношоиста ва амалҳои номатлуб инсонро аз роҳи дурусти зиндагӣ дур намуда, ӯро ба сӯи табоҳӣ ва завол мебаранд. Нашъа низ аз ҷумлаи чунин омилҳои харобиовар буда, моддаи мадҳушкунандаест, ки инсонро ба беморӣ, фақру тангдастӣ, беобрӯӣ ва ҳатто марг мерасонад.
Нашъаманд шахсест, ки аз обрӯ, шараф ва масъулияти худ дар назди ҷомеа ва наздиконаш рӯй гардонда, саломатӣ ва зиндагии худро зери хатар мегузорад. Дар натиҷаи истеъмоли маводи нашъаовар инсон носолим, каҷрафтор ва аз арзишҳои ахлоқӣ дур мегардад. Беҳуда нагуфтаанд:
Ростиро баду боло нарасад,
Марди каҷрав ба ҳеҷ ҷо нарасад.
Нашъамандӣ бемории хатарнокест, ки ба тамоми узвҳои бадани инсон, аз ҷумла системаи асаб, дил, ҷигар, гурда ва дигар узвҳои ҳаётан муҳим таъсири манфӣ расонида, саломатии ӯро хароб месозад.
Масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар аз охири асри XX ва ибтидои асри XXI ба яке аз мушкилоти глобалии ҷаҳон табдил ёфтааст. Имрӯз низ шумораи шахсоне, ки ба истеъмоли маводи нашъаовар рӯ меоранд, кам нест. Баъзеҳо аз сабаби мушкилоти зиндагӣ, бемориҳо, ноогоҳӣ аз оқибатҳои фоҷиабори нашъамандӣ ё бо мақсади дарёфти лаззати муваққатӣ ба ин роҳи нодуруст қадам мегузоранд.
Дар ҷомеа ҳолатҳое низ ба назар мерасанд, ки бархе аз истеъмолкунандагони маводи нашъаовар даст ба ҷиноят, аз ҷумла дуздӣ, авбошӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ мезананд. Чунин шахсон аксаран аз рафтору кирдори худ огоҳии комил надоранд, зеро таъсири маводи нашъаовар қобилияти фикрронӣ ва дарки онҳоро коҳиш медиҳад.
Барои шахсони гирифтори нашъамандӣ дастрас намудани маводи нашъаовар ба яке аз ҳадафҳои асосии зиндагӣ табдил меёбад. Онҳо барои ба даст овардани маблағ ҳатто молу мулки хонаводагии худро мефурӯшанд. Дар натиҷа оилаҳо пароканда, фарзандон бесаробон ва ҷомеа аз чунин падида зарар мебинад. Нашъаманд на танҳо ба худ, балки ба наздикон ва атрофиёнаш низ мушкилоту ранҷ меорад.
Мутаассифона, баъзе шаҳрвандон на танҳо ба истеъмоли маводи нашъаовар, балки ба парвариш, интиқол ва фурӯши ғайриқонунии он низ машғул мешаванд. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки ҳеҷ амали ғайриқонунӣ ва ҳеҷ дороие, ки аз роҳи нашъаҷаллобӣ ба даст омадааст, пойдор намемонад. Пойдеворе, ки бар пояи маблағи ҳаром бунёд шудааст, дер ё зуд фурӯ хоҳад рехт.
Истеъмоли мунтазами маводи нашъаовар аз ҷумлаи одатҳои ниҳоят зараровар буда, ба ҳолати равонӣ ва ахлоқии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Нашъаманд тадриҷан аз зиндагии воқеӣ дур шуда, дар олами хаёлӣ зиндагӣ мекунад ва қобилияти меҳнату фаъолияти самаранокро аз даст медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар сиёсати мушаххаси давлатӣ пеш мебарад. Бо мақсади пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд. Аз ҷумла, Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030 ва дигар барномаҳои давлатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор татбиқ мешаванд.
Хулоса, сарвату дороие, ки аз роҳи ғайриқонунӣ ва маблағи нопок ба даст омадааст, дерпо нахоҳад буд. Шахсе, ки роҳи нашъамандиро интихоб мекунад, на танҳо ояндаи худро, балки оромии наздикон ва обрӯи хонаводаашро низ зери хатар мегузорад. Итминон дорем, ки бо баланд гардидани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, нашъамандӣ тадриҷан коҳиш ёфта, ҷавонони кишвар роҳи илм, меҳнат, покдоманӣ, ростқавлӣ ва ватандӯстиро интихоб хоҳанд кард.
Малоҳат Низомова, магистранти Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон
