АсосӣМақолаҳоПИРЯХҲО - САРЧАШМАИ ҲАЁТ ВА НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ ТАБИАТ
Бозгашт ба рӯйхати мақолаҳо
ПИРЯХҲО - САРЧАШМАИ ҲАЁТ ВА НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ ТАБИАТ

ПИРЯХҲО - САРЧАШМАИ ҲАЁТ ВА НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ ТАБИАТ

2026-06-02

Тоҷикистон кишвари офтобрӯя ва кӯҳсор буда, бо табиати нотакрор ва захираҳои бузурги обии худ дар ҷаҳон машҳур аст. Кӯҳҳои баланд, дарёҳои мусаффо, чашмаҳои зулол, ҷангалҳои сабз ва пиряхҳои азим Тоҷикистонро ба яке аз зеботарин кишварҳо табдил додаанд.

Табиат барои инсон сарчашмаи зиндагӣ, саломатӣ ва некуаҳволӣ мебошад. Аз ҳамин сабаб, ҳифзи муҳити зист ва сарватҳои табиӣ вазифаи муҳимми ҳар як инсон ба ҳисоб меравад.

Яке аз муҳимтарин сарватҳои табиии Тоҷикистон пиряхҳо мебошанд. Пиряхҳо манбаи асосии оби тоза буда, барои иқтисодиёт, кишоварзӣ, энергетика ва ҳаёти мардум аҳаммияти калон доранд. Тоҷикистон аз рӯйи захираи об дар минтақа ҷойи намоёнро ишғол мекунад ва сарчашмаи қисми зиёди ин обҳо маҳз пиряхҳо мебошанд.

Табиати Тоҷикистон хеле ғанӣ ва гуногун мебошад. Қариб 93 фоизи ҳудуди мамлакатро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Дар Тоҷикистон қаторкӯҳҳои баландтарини ҷаҳон ҷойгир шудаанд. Кӯҳҳои баланд боиси ба вуҷуд омадани иқлими гуногун ва манзараҳои зебои табиӣ гардидаанд. Дар кишвар дарёҳои зиёде мавҷуданд, ки калонтаринашон Панҷ, Вахш, Сирдарё ва Зарафшон мебошанд.

Табиат барои инсон муҳити мусоид фароҳам оварда, ҳаёти одамонро таъмин менамояд. Пирях қабати бузурги ях мебошад, ки дар натиҷаи ҷамъ шудани барф дар тӯли ҳазорҳо сол ба вуҷуд меояд. Барф дар шароити хунуки доимӣ зери фишор ба ях мубаддал мешавад. Илме, ки пиряхҳоро меомӯзад, глятсиология ном дорад. Дар Тоҷикистон тибқи маълумоти расмӣ 14509 пиряхи хурду калон мавҷуд аст. Масоҳати умумии онҳо 11146 километри мураббаъ мебошад, ки тақрибан 8 фоизи ҳудуди кишварро ташкил медиҳад. Пиряхҳои Тоҷикистон асосан дар минтақаҳои баландкӯҳи Помир ва дигар қаторкӯҳҳо ҷойгир шудаанд. Онҳо яке аз манбаъҳои муҳимтарини оби тоза дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумлаи пиряхҳои машҳуртарини Тоҷикистон пиряхи Ванҷях (собиқ Федченко) мебошад. Ванҷях яке аз калонтарин пиряхҳои кӯҳии ҷаҳон ба шумор меравад. Он 77 километр дарозӣ, 651,7 км² масоҳат дошта, паҳноияш дар баъзе ҷойҳо то 3-5 километр ва ғафсии ях ба то 93,8 километр мерасад. Ванҷях манбаи муҳимми об барои дарёҳои минтақа мебошад.

Дар пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 456,9 километри мураббаъ оби тоза маҳфуз аст. Ин захира барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётӣ дорад. Ҳар сол аз пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 61,8 километри мукааб об ба дарёҳо ҷорӣ мешавад. Ин обҳо барои кишоварзӣ, истеҳсоли неруи барқ ва нигоҳдории муҳити зист истифода мешаванд.

Пиряхҳо дар ҳаёти инсон нақши калон доранд. Онҳо манбаи асосии оби нӯшокӣ ва обёрии заминҳои кишоварзӣ мебошанд. Неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон низ аз ҳисоби оби дарёҳо фаъолият мекунанд. Ғайр аз ин, пиряхҳо иқлимро танзим намуда, барои нигоҳ доштани мувозинати табиат мусоидат менамоянд. Аз нуқтаи назари илмӣ пиряхҳо нишондиҳандаи тағйирёбии иқлим ба ҳисоб мераванд. Олимон тавассути омӯзиши онҳо тағйироти муҳити зистро муайян мекунанд. Солҳои охир бинобар гармшавии иқлим бисёр пиряхҳо тадриҷан об шуда истодаанд. Ин ҳолат метавонад дар оянда боиси кам шудани оби дарёҳо гардад. Аз ҳамин сабаб, ҳифзи пиряхҳо имрӯз яке аз масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ мебошад. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ барои ҳифзи пиряхҳо ташаббусҳои муҳим пешниҳод намудааст. Мутахассисон ва олимон барои омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳо корҳои зиёди илмӣ анҷом медиҳанд. Ҳифзи табиат ва пиряхҳо вазифаи ҳар як инсон мебошад. Агар мо ба муҳити зист ғамхорӣ кунем, ин сарвати нодир барои наслҳои оянда низ боқӣ хоҳад монд.

Ҳусен Абдулҳақов, магистранти курси 2, ихтисоси идораи давлат ва иқтисодиёти Академия

ПИРЯХҲО - САРЧАШМАИ ҲАЁТ ВА НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ ТАБИАТ | АИД