АсосӣМақолаҳоСАҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Бозгашт ба рӯйхати мақолаҳо
САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

2026-06-05

«Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.»

Эмомалӣ Раҳмон

Коррупсия зуҳуроти номатлуб буда, ҳамчун яке аз монеаҳои ҷиддии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа арзёбӣ мегардад. Коррупсия кирдоре мебошад, ки аз ҷониби шахсони мансабдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматӣ ва имкониятҳои вобаста ба он барои ба даст овардани манфиатҳои моддӣ ё ғайримоддӣ ба таври ғайриқонунӣ содир карда мешавад. Ба ибораи сода, коррупсия - ин порагирӣ ва сӯиистифода аз мансаб мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ тадбирҳои муҳим амалӣ карда шудаанд.

Муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин ҷост, ки ҳар сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати хизматчиёни давлатиро матраҳ менамоянд. Ин иқдомҳо аз ғамхории давлат ва роҳбарияти олии кишвар нисбат ба шаҳрвандон шаҳодат медиҳанд.

Муқовимат ба коррупсия фаъолияти мақомоти ваколатдор ва дигар субъектҳое мебошад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани ҳолатҳои коррупсионӣ масъул мебошанд. Шахсоне, ки ба чунин ҳуқуқвайронкуниҳо роҳ медиҳанд, мутобиқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Дар таълимоти дини мубини Ислом низ порагир ва порадиҳанда ҳар ду гунаҳгор дониста шудаанд. Ин нукта дар ҳадисҳои Паёмбари Ислом (с) низ таъкид гардидааст.

Дар ҷомеаи имрӯза баъзан омилҳое ба назар мерасанд, ки бархе шаҳрвандонро ба содир намудани амалҳои коррупсионӣ водор месозанд. Яке аз сабабҳо ғолиб омадани манфиатҳои шахсӣ бар арзишҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Ҳамчунин, рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарзи тафаккур ва рафтори баъзе афрод таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон аҳамияти муҳим дорад.

Ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд амалҳое мебошанд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба вуҷуд омадани шароити коррупсионӣ мусоидат намуда, аз ҷониби субъектҳои дахлдор содир мешаванд. Барои чунин амалҳо ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ, гражданӣ ва ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи январи соли 2007 Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин ниҳод дар самти пешгирӣ, ошкор ва муқовимат ба коррупсия фаъолияти назаррасро анҷом медиҳад.

Имрӯз бархе аз шаҳрвандон ҳанӯз ҳам манфиатҳои шахсии худро аз манфиатҳои ҷамъиятӣ боло мегузоранд, ки ин метавонад ба содир шудани амалҳои коррупсионӣ замина фароҳам оварад. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин нишон медиҳад, ки ҳатто дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта низ ҳолатҳои коррупсионӣ ҷой доранд ва барои мубориза бо онҳо чораҳои қатъӣ андешида мешаванд.

Дар Тоҷикистон низ мубориза бо коррупсия пайваста тақвият дода мешавад. Коррупсия ҳам аз нуқтаи назари қонун ва ҳам аз нуқтаи назари ахлоқ ва арзишҳои динӣ амали зишт ва маҳкумшаванда мебошад.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро дар самти мубориза бо коррупсия дуруст дарк намуда, бо эҳсоси баланди масъулият, зиракии сиёсӣ ва эҳтиром ба қонун барои бунёди ҷомеаи солим ва пешрафтаи Тоҷикистон саҳми худро гузорад.

Ҷамолиддин Давлатзода, магистранти шуъбаи омодакунии касбии хизматчиёни давлатии Академияи идорокунӣ

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ | АИД