
ТАРБИЯИ МАЪНАВИИ ҶАВОНОН ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ АХЛОҚИ ҶОМЕА
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ масъалаи тарбияи маънавии ҷавонон аҳаммияти махсус касб намудааст. Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар рушду пешрафти давлат нақши калидӣ доранд. Аз ин рӯ, сатҳи маърифатнокӣ, ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи онҳо метавонад ба ояндаи миллат таъсири амиқ расонад. Агар ҷавонон дорои ахлоқи ҳамида, ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва фарҳанги воло бошанд, ҷомеа низ ба марҳилаи рушду инкишоф ва устувории бештар ворид мегардад. Дар маҷмуъ, ҳамаи ин арзишҳо аз тарбияи маънавии насли ҷавон сарчашма мегиранд.
Тарбияи маънавӣ раванди ташаккули сифатҳои беҳтарини инсонӣ буда, шахсро ба роҳи некиву ростқавлӣ, эҳтироми дигарон ва дӯст доштани Ватан ҳидоят менамояд. Маҳз тавассути тарбияи дуруст ҷавонон метавонанд дар ҷомеа мавқеи арзанда пайдо намуда, дар пешрафти давлат саҳми муносиб гузоранд. Агар вобаста ба мафҳуми тарбияи маънавӣ андешаронӣ намоем, метавон гуфт, ки тарбияи маънавӣ маҷмӯи арзишҳо, донишҳо ва меъёрҳои одобу ахлоқест, ки шахсро ҳамчун инсони комил ташаккул медиҳад. Ба ин арзишҳо эҳтиром ба падару модар, дӯст доштани Ватан, инсондӯстӣ, поквиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ, фарҳанг ва масъулиятшиносӣ дохил мешаванд. Раванди аз худ намудани ин арзишҳо аз оила оғоз гардида, дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа идома меёбад.
Бо дарназардошти шароити муосир, аксари ҷомеаҳо ба қишри ҷавон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи рушд такя мекунанд. Имрӯз ҷомеа ба ҷавонони донишманду соҳибмаърифат ниёз дорад. Аммо танҳо дониш барои пешрафти инсон кофӣ нест. Агар дониш бо ахлоқи нек ва маънавиёти баланд ҳамроҳ набошад, наметавонад ба рушди воқеии ҷомеа мусоидат намояд. Аз ин рӯ, тарбияи маънавӣ бояд дар баробари омӯзиши илм ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҳам оила ва ҳам муассисаҳои таълимӣ қарор дошта бошад.
Нақши оила дар тарбияи маънавии ҷавонон
Оила аввалин мактаби тарбия ба шумор меравад. Кӯдак маҳз дар муҳити оила аввалин дарсҳои ахлоқ, рафтор ва муоширатро меомӯзад. Муносибати волидон, тарзи суханронӣ, фарҳанги муомила ва рафтори онҳо ба ташаккули шахсияти фарзанд таъсири калон мерасонад. Агар дар оила муҳити солим, эҳтироми ҳамдигар ва муҳаббат ҳукмфармо бошад, фарзанд низ бо чунин хислатҳо ба воя мерасад. Баръакс, беаҳамиятӣ нисбат ба тарбияи фарзанд метавонад сабаби пайдоиши рафторҳои номатлуб гардад.
Аз ҳамин хотир, волидон бояд барои тарбияи ахлоқии фарзандон масъулияти бештар эҳсос намуда, барои бедор кардани ҳисси худшиносиву худогоҳии онҳо тавассути муаррифии таърих, фарҳанг ва шахсиятҳои бузурги миллат мусоидат намоянд. Ба ҳар яки мо маълум аст, ки имрӯз баъзе ҷавонон зери таъсири фарҳангҳои бегона қарор гирифта, аз арзишҳои миллии худ дур мешаванд. Барои пешгирии чунин ҳолатҳо оила бояд ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро дар қалби фарзандон тақвият бахшад.
Нақши муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи маънавии ҷавонон
Муассисаҳои таълимӣ дар ташаккули маънавиёти ҷавонон саҳми бузург доранд. Омӯзгорон на танҳо дониш медиҳанд, балки тарбиятгар низ ҳастанд. Рафтор, сухан ва муносибати омӯзгор метавонад ба ҷаҳонбинӣ ва ташаккули шахсияти шогирдон таъсири амиқ расонад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки дар муассисаҳои таълимӣ бояд ба масъалаҳои ахлоқ, фарҳанг, эҳтиром ба қонун, худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ диққати махсус дода шавад.
Дар баробари ин, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, вохӯриҳо, озмунҳо ва суҳбатҳои тарбиявӣ метавонад дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон нақши муассир бозад. Ҳамзамон, омӯзиши таърихи миллат ва осори шахсиятҳои бузурги тоҷик барои бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ аҳамияти калон дорад. Ҷавонон бояд донанд, ки онҳо ворисони миллате ҳастанд, ки дорои таърихи қадима ва фарҳанги ғанӣ мебошад ва ҳифзу гиромидошти ин арзишҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Таъсири воситаҳои ахбори омма дар тарбияи ҷавонон
Ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма низ дар тарбияи ҷавонон нақши муҳим доранд. Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҷавонон табдил ёфтаанд. Аз як тараф, онҳо имкони дастрасӣ ба дониш ва иттилооти муфидро фароҳам меоранд, аммо аз ҷониби дигар метавонанд ба паҳншавии ғояҳои номатлуб ва рафторҳои ғайриахлоқӣ мусоидат намоянд.
Аз ин рӯ, ҷавонон бояд фарҳанги дурусти истифодаи интернетро омӯзанд ва тавонанд иттилооти муфидро аз маводи зараровар фарқ кунанд. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф, аз муассисаҳои таҳсилоти миёна то муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд барои баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҷавонон тадбирҳои муассир амалӣ гарданд. Ҳамчунин, шахсони обрӯманд, олимон, адибон ва фаъолони ҷомеа метавонанд бо суханронӣ ва фаъолияти намунавии худ ба тарбияи ҷавонон таъсири мусбат расонанд. Зеро ҷавонон бештар ба шахсиятҳое пайравӣ мекунанд, ки дар ҷомеа обрӯ ва мақоми баланд доранд.
Нақши тарбияи маънавӣ дар ташаккули ахлоқи ҷомеа
Ахлоқи ҷомеа аз ахлоқи ҳар як аъзои он вобаста мебошад. Агар ҷавонон дорои маърифат ва маънавиёти баланд бошанд, ҷомеа низ рӯз аз рӯз пешрафта ва мутараққӣ мегардад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонони бомаърифату масъулиятшинос на танҳо қонунро эҳтиром мекунанд, балки ба корҳои нек майли зиёд дошта, барои ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеа талош менамоянд.
Дар баробари ин, тарбияи маънавӣ метавонад сатҳи ҷинояткорӣ, ифротгароӣ, бадахлоқӣ ва дигар падидаҳои манфиро дар ҷомеа коҳиш диҳад. Аксари ҷавононе, ки дорои маърифати комил, ҷаҳонбинии васеъ ва рӯҳи солим мебошанд, аз амалҳои ношоиста дурӣ ҷуста, барои ободии ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Инчунин, тарбияи маънавӣ ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми байниҳамдигариро тақвият медиҳад. Дар чунин шароит заминаи мусоид барои пешрафт, тараққиёт, таҳкими давлатдорӣ ва ҳифзи сулҳу субот фароҳам мегардад.
Хулоса, тарбияи маънавии ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, ояндаи давлат аз сатҳи маърифатнокӣ, худшиносӣ ва ахлоқи насли ҷавон вобастагии калон дорад. Дар ин замина, барои ташаккули ҷомеаи солим ҳамкории зичи оила, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеа аҳамияти калидӣ дорад. Ҷавонон бояд дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулиятшиносӣ тарбия карда шаванд. Танҳо дар ҳамин сурат метавон ҷомеаи пешрафта, мутамаддин ва ахлоқан солимро бунёд намуд.
Бояд таъкид кард, ки тарбияи маънавӣ на танҳо вазифаи падару модар ё омӯзгор, балки масъулияти тамоми ҷомеа мебошад. Танҳо дар асоси ҳамкории самараноки ҳамаи қишрҳои ҷомеа метавон мушкилоти мавҷударо бартараф намуда, барои тарбияи насли босавод, худшинос ва ватандӯст заминаи устувор фароҳам овард.
Исфандиёр Аҳтамзода, магистранти курси 2, ихтисоси сиёсат ва идораи давлатии Академияи идоракунии давлатӣ
