АсосӣМақолаҳоТАВСИФИ ВАҲДАТ АЗ НИГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Бозгашт ба рӯйхати мақолаҳо
ТАВСИФИ ВАҲДАТ АЗ НИГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ТАВСИФИ ВАҲДАТ АЗ НИГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

2026-06-05

Муҳимтарин вазифаи мантиқ муайян кардани муносибати тафаккури инсон ба ҳақиқат мебошад. Ҳақиқат, яъне расидан ба воқеият то дараҷаи асл аст. Вазъи имрӯзаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва сулҳу суботи мо далели ҳақиқат ва асл ба ҳисоб меравад. Мантиқан барои миллати хирадманд ваҳдат ҳақиқат аст ва асл бошад ба ваҳдати комил расидан. Мисоли равшан дар он таҷассум меёбад, ки агар барои барқарор кардани ваҳдат чӣ қадар ҷонисориҳо шуда бошад, барои ҳифз кардан ва нигоҳ доштани он сарфи на камтар аз он талошҳо сурат мегирад. Ваҳдатро шахсиятҳое меофаранд, ки ботинан ҳам дар фаъолият ва ҳам дар тавсиф барои водоркунии дигарон дар шакли комили мантиқӣ дарк карда метавонанд.

Бинобар ин, Пешвои миллати тоҷикон ҳақиқати ваҳдатро новобаста аз тазод амалӣ карда, аз фаъолияти заҳматҳои сиёсатмадориаш ба таври илмӣ пайваста ба миллат дар баромадҳо тарѓибу ташвиқ менамояд. Дар ин ҷода миллати тоҷикро зарур аст, суханҳои ҳикматомӯзи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳлил, таҳқиқ, омӯзиш, арзёбии дақиқ ва пайравӣ намоем.

Боиси қайд аст, ки баррасии мавзӯи асосии моро таҳлили баъзе аз паҳлуҳои китоби тартибдодаи доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода бо номи “Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон” вобаста ба инъикоси Ваҳдати миллӣ фаро мегирад. Осори тартибдодаи Зафар Сайидзода андешаҳои гаронбаҳои Пешвои миллатро роҷеъ ба Вахдати миллӣ ва масъалаҳои ҳаётан муҳими давлатдории нави миллати тоҷикро дар бар мегирад. Китоби мазкур аз 13 бобу сарсухан иборат аст.

Бинобар ин, панду андарзҳои Сарвари давлат дар ҳақиқат таҳкими ваҳдати миллӣ ва пояҳои давлатдорию решаҳои илмӣ дорад. Омӯзиши осор нишон медиҳад, ки инъикоси Ваҳдати миллӣ аз нигоҳи Пешвои миллат дар баробари масъалаҳои “Истиқлолияти давлатӣ”, “Худшиносӣ”, “Дар бораи таърих”, “ Забони модарӣ”, “Дар бораи одобу ахлоқ”, “ Таълиму тарбия” ва “ Ҷавонон” яке аз мавзуъҳои меҳварӣ ба ҳисоб меравад. Масалан, андешаи Пешвои муаззами миллат дар китоби мазкур (сахифаи 78) чунин дарҷ шудааст: “Мо истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиамонро танҳо дар сурате пойдору устувор нигоҳ дошта, ҷомеаи худро ба ҷомеаи мутамаддин табдил дода метавонем, ки агар нақшаву ниятҳои оғоз кардаамонро ба заҳмати аҳлонаву содиқона вусъати дучанд бахшем, сарзамини биҳиштосоямонро сидқан дуст дорем ва пайваста саъӣ кунем, ки Ватани маҳбубамонро ба як гӯшаи ободу пешрафти сайёра мубадал гардонем”.

Воқеан, сулҳ шарти асосии рушди тамоми имкониятҳои миллат буда, бе он наметавонем масъалаи ҷомеаро амали амалӣ гардонем. Иродаи халқу миллат метавонад ҳар гуна таҳдиду низоъро аз давлат дур карда, ба ҷомеаи мутамаддин табдил диҳад. Ҳамин тариқ, Пешвои муаззами миллат вобаста ба ноил шудани Истиқлолияти давлатӣ сулҳу суботро масъалаи меҳварӣ ҳисобида, қавииродагиро талқин намудааст. Ба қавли файласуфи олмонӣ Иммануил Кант “Ирода гуфта, амали бошууронаи инсонро мадди назар дорад, ки ӯ мушкилоти дар пешаш истодаро сарфи назар карда, амали мақсадноки худро ба даст меорад. Мақсад - ҳама вақт мавзуи майл, шавқ, рағбат ва машғулият аст”.

Дар ҳақиқат чунин андешаи хирадмандона ба корнамоиҳои Пешвои миллат далолат мекунад, зеро Сарвари давлат дар се даҳсолаи охир мақсадҳое ки бо мушкилию роҳи пурхатар барои пойдории сулҳи тоҷикон пеша гузошт, саҳл набуд, новобаста аз хатар дар амал тадбиқ кард. Чунончӣ андешаи Роҳбари давлат дар осор роҷеъ ба ин масъала чунин зикр шудаст: “Роҳи мушкил, пурхатар ва душвори расидан ба сулҳу ризояти миллӣ барои ҳамаи мо сабақ дод, ки ягон неъмати дигари олам аз истиқлолияту озодӣ, давлати соҳибихтиёри миллӣ ва ватани муқаддаси аҷдодӣ болотар нест”. (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.-С. 48-49). Миллати тоҷик бояд имрӯз аз маҳсули хирадсолории Сарвари давлат ва осоиштагию оромӣ шукургузор бошад, зеро миллатҳое, ки дар оғуши ҷангу нооромӣ гирифторанд, наметавонан аз чигунагии инсоният ва ҳаёти осоишта баҳравар гарданд.

Робита ба ин, бояд ёдовар шуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо меъмори сулҳи тоҷикон, балки дар таззодҳои нооромии ҷаҳон аввалин пешниҳодкунандаи сулҳ дар саросари ҷаҳон мебошад, чунки дар баромаду пешниҳодҳояш мудом сулҳу ваҳдатро ба минтақа ва ҷаҳон водор мекунад. Чунончӣ, дар осор қайд гардидааст: “Мо бояд минбаъд низ кӯшиш намоем, ки дар таҳкими сулҳи ҷаҳон саҳми арзанда гузорем. Зеро таърихан миллати мо бо ҳамин андешаву амалаш машҳур буд, ба мулкеву кишваре даст дарозӣ надошт, яъне вуҷуди миллати мо аз гили сулҳ сиришта шудааст”.

Дар ҳақиқат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аъзои якҷояи ҷомеаи байналмилалӣ ҳамеша пайваста ба ҳалли сулҳ, рушди субот байни кишварҳо ва пешгирии низоъҳои мусаллаҳона ҷонибдорӣ кардааст. Ӯ дар масоили амният, махсусан дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва ҷаҳон 23-юми сентябри соли 2024, дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико суханронӣ намуда, пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад. Пешниҳоди мазкур бори дигар аз сулҳофару ваҳдатпарвар будани миллати тоҷик гувоҳӣ дода, беҳтарин муждае барои тамоми башарият хоҳад буд. Зеро субот асоси пешрафт, зиндагии арзанда, рушди ҷомеа ва волотарин арзишҳои инсоният маҳсуб мегарданд.

Робита ба ин, дарки озодию оромӣ барои ҷавонони имрӯза яке аз арзишҳои муҳми инсонию хештаншиносӣ ва пояҳои рушди давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Роҳбари хирадсолор ба ҷавонон даъват менамояд, ки ҷавони ватандӯсти миллат вазифадор аст, дар шароити ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ аз бесуботии давлатҳои ҷангзада сабақ гирифта, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои таъмини ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошанд. Дар ин росто андешаи хирадмандонаи Пешвои миллат мавриди қайд кардан аст: “Ҷавонони мо дар ҳарҷое, ки бошанд бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва бо забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омада ва ҳушёру зирак бошанд”. (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.-С. 70).

Ё ин ки дар ҷойи дигар зикр шудааст: “Ваҳдати миллиро бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ба ҳамин хотир ҳар яки мо вазифа дорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем”. (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.-С. 76).

Воқеан, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони самараи ирода, заҳмат ва талошҳои ҳар як шаҳрванди кишвар бо раҳнамоиву водоркунии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намудем. Дар ин ҷода моро зарур аст самараи талошҳои якдигарро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Пешвои миллат ҳам хирадмандона тазакур намуд: “Ваҳдати мо як дастоварди воқеии халқи бошарафу заҳматкаши тоҷик буда, ягон кишвар ё давлати абарқудрати хориҷӣ ҳақ надорад, ки низоми сиёсӣ, идеология ва ғаразҳои геополитикаашро ба гардани мо бор кунад”. (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.- С. 10).

Дар хулоса қайд кардан зарур аст, ки инъикоси ваҳдат аз ҷониби бештари сиёсатшиносону муҳақиқон ва шоирон ба таври мухталиф тавсиф гардидааст, вале нуқтаи баланди мантиқии онро Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон инъикос намудааст. Аз ин хотир моро зарур аст, барои нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ба хотири наслҳои оянда ҳикматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на ба забон, балки ба таври мантиқӣ дарк намоем .

Диловар Раҳимов, корманди бахши кор бо ҷавонони Академия

ТАВСИФИ ВАҲДАТ АЗ НИГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ | АИД