Бозгашт ба хабарҳо
2026-05-26
Ҳадамоти матбуот

САҲМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

САҲМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

22 майи соли 2026 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ- назариявӣ таҳти унвони “Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи адолати таърих ва таҳкими давлатдории миллӣ” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ректори Академия Сафарзода Даврон Ҷурахон, кормандон ва омӯзгорони Академия иштирок доштанд. Дар оғози ҳамоиш ректори Академия Сафарзода Даврон Ҷурахон қайд намуд, ки иқдоми башардӯстона ва таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Ватан баргардондани муште аз хоки оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон - Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи барҷастаи фарҳангии миллат Нисор Муҳаммад воқеан дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷикон ҳамчун рамзи эҳёи адолати таърихӣ ва гиромидошти хотираи фарзандони фарзонаи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

Гуфта шуд, ки арҷгузорӣ ба таърих, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва поси хотири фарзандони барӯманди миллат дар меҳвари сиёсати давлатдории Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳнамоиву ҳидоятҳои Сарвари давлат саҳифаҳои зиёди таърихи миллати тоҷик аз нав эҳё гардиданд. Ному корномаи шахсиятҳое, ки солҳои зиёд зери ғубори замон қарор доштанд, дубора зинда шуданд ва ҷойгоҳи воқеии худро дар таърихи миллат пайдо карданд.

Ректори Академия Сафарзода Даврон Ҷурахон иброз дошт, ки иқдоми ба Ватан овардани муште аз хоки ин фарзандони фарзонаи миллат маънои бисёр амиқ дорад. Ин танҳо интиқоли рамзии як мушт хок набуда, балки эҳёи адолати таърихӣ, поси хотираи фарзандони миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин амал нишон медиҳад, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои фарзонаи худ фарзандони фидоии худро фаромӯш намекунад ва хизматҳои таърихии онҳоро ҳамеша қадр менамояд.

Дар ҳамоиш директори маркази “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” н.и.ф, дотсент Амирбекзода Назира, ходими пешбари марказ, номзади илмҳои таърих, дотсент Ҳомидхон Нуриддинов, сарходими марказ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Гавҳар Шарофзода ва сарходими пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Баҳриддин Ализода баромад намуданд.

Баромадкунандагон иброз доштанд, ки Пешвои миллат дар китоби арзишманди худ «Чеҳраҳои мондагор» ба фаъолияти таърихии Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур баҳои баланд дода, онҳоро ҳамчун фарзандони ҷонфидои миллат муаррифӣ намудаанд. Сарвари давлат таъкид менамоянд, ки муборизаи ин шахсиятҳо барои ташаккули давлатдории тоҷикон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва исботи ҳаққи таърихии тоҷикон дар замони ниҳоят ҳассос сурат гирифтааст.

Дар ҳамош қайд карда шуд, ки дар ҳақиқат, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи он фарзандони далеру ватандӯст буданд, ки дар марҳилаи тақдирсози таърихи миллат барои ҳифзи ҳастии тоҷикон ва таъсиси давлати миллӣ мубориза бурданд. Онҳо дар замоне ба майдони сиёсат ворид шуданд, ки масъалаи тақсимоти ҳудудӣ ва сарнавишти миллатҳои Осиёи Марказӣ ҳаллу фасл мегардид. Маҳз бо талошу матонат ва ҷасорати ин фарзандони фарзонаи миллат пояҳои давлатдории тоҷикон устувор гардид.

Ин шахсиятҳо барои исботи мавҷудияти миллати тоҷик, забони тоҷикӣ ва фарҳанги ғании ниёгон мубориза бурданд. Онҳо ба муқобили беадолатиҳои сиёсӣ истодагарӣ намуда, то нафаси охирин аз ормонҳои миллӣ даст накашиданд. Маҳз ҳамин садоқат ба миллат ва Ватан онҳоро дар саҳифаҳои таърих ҷовидона гардонидааст.

Ҳамин тавр, ҳамоиши илмӣ дар доираи андешаҳои таърихӣ доир ба таҳкими давлатдории миллӣ ҳусни анҷом бахшид.

Барчаспҳо:Академия
САҲМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ | АИД